Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати Интернет дар Тоҷикистон ба фарқ аз соли гузашта сусттар шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон ба фарқ аз як сол пеш боз ҳам сусттар шудааст.

Бар пояи радабандии Speedtest Global Index, ки суръати интернети мобилиро дар 138 кишвари ҷаҳон таҳқиқ кардааст, Тоҷикистон бо суръати 7,57 мегабит дар сония (Mbps), дар мавқеи 134-ум ҷой гирифтааст.

Ин нишондод нисбат ба 1 соли гузашта 5 зина поинтар аст. Дар радабандии порсола Тоҷикистон дар ҷойи 129-ум қарор дошт.

Дар ҳамин гузориши Speedtest Global Index аз моҳи ноябр, аз рӯи интернети ноқилӣ дар Тоҷикистон вазъ нисбатан беҳтар буда, байни 181 кишвар Тоҷикистон бо суръати 16.63 мегабит дар сония дар ҷойи 123-юм аст.

Узбекистон дар ин радабандӣ дар мавқеи 119 қарор дорад ва суръати интернети мобилӣ дар ин кишвар 13,67 ва интернети ноқилӣ 36.23 мегабит дар сония гуфта шудааст.

Афғонистон дар мавқеи охирин қарор дорад.

Тибқи арзёбиҳои ин гузориш дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ суръати интернети Тоҷикистон сусттарин аст. Дар кишвар ҳам шикоят аз суръати пасти интернет зиёд аст.

Чанде пеш бинобар як арзёбии дигар ҳам суръати Интернет дар Тоҷикистон сусттарин дониста шуд. Сомонаи Cable.co.uk бо нашри як гузориш Тоҷикистонро ба даҳгонаи кишварҳое дохил кард, ки суръати Интернет дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз назари суръати Интернет дар ҷойи 211-ум қарор дорад.

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пайваста мегӯянд, суръати Интернет дар кишвар суст нест ва “шояд мушкил дар дастгоҳи истифодабарандагон аст.”

XS
SM
MD
LG