Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон сафари хориҷии шаҳрвандонашро маҳдудтар мекунад


Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Туркманистон имкони сахттар кардани маҳдудияти сафарҳои хориҷии шаҳрвандонро баррасӣ мекунанд.

"Аз соли 2022 сафари шаҳрвандоне, ки фарзанди ноболиғ доранд, ба хориҷа манъ карда мешавад. Хадамоти муҳоҷират дар ин бора дастур гирифтааст", - иттилоъ дод як манбаъ дар Хадамоти муҳоҷирати Туркманистон ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Туркманистон бе ин ҳам, беш аз 1,5 сол мешавад, сафарҳои байналмилалиро ба далели пандемияи коронавирус манъ кардааст. Ба гуфтаи манбаи радио, ин маҳдудият баъди бекор шудани карантин низ амал хоҳад кард.

"Агар пандемия дар соли 2023 ё 2024 қатъ шавад ва сафарҳои байналмилалӣ аз сар гирифта шаванд ҳам як қатор маҳдудиятҳое ҷорӣ мешаванд, ки сафари шаҳрвандонро ба хориҷ мушкил мегардонанд. Ба ҷуз ин, афроде, ки яке аз наздиконашон дар зиндон аст, наметавонанд Туркманистонро тарк кунанд", - афзуд манбаъ.

Сафари шаҳрвандони Туркманистон ба хориҷ дар пасманзари буҳрони сахти моливу иқтисодӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG