Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зан дар Бухоро беш аз 10 мардро огоҳона ба ВИЧ мубтало кардааст


Зане аз ноҳияи Қаракӯли вилояти Бухорои Узбекистон беш аз 10 мардро барқасдона ба вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) мубтало кардааст.

Ба огаҳии Раёсати пулиси Бухоро, зани 26-сола бо вуҷуди огаҳии хаттӣ аз 26 май то 6 июни соли равон бо беш аз 10 мард бе доштани василаҳои муҳофизатӣ алоқаи ҷинсӣ кардааст.

Мардони мубталошуда аз 25 то 30 сол доранд.

Дар ҳоли ҳозир зидди гумонбар бо банди "Барқасдона паҳн кардани вируси норасоии масунияти бадан" парвандаи ҷиноӣ боз гашта, худи ӯ ба ҳасб гирифта шудааст.

Моҳи июни соли равон низ пулиси Бухоро як зани 34-солаи маҳаллиро барои огоҳона мубтало кардани марде ба ВИЧ боздошт карда буд.

Вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ) аз роҳи алоқаи ҷинсӣ ва хун ба инсон сироят мекунад.

XS
SM
MD
LG