Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷбози 17-солаи узбек қаҳрамони ҷаҳон шуд


Нодирбек Абдусатторов
Нодирбек Абдусатторов

Нодирбек Абдусатторов аз Узбекистон дар мусобиқаи Варшава қаҳрамони ҷаҳон оид ба шатранҷбозӣ эълом гардид.

Ба огаҳии Федератсияи шатранҷи Узбекистон, Абдусатторови 17-сола Магнус Карлсен, Ян Непомняший ва дигаронро шикаст дода, тоҷро ба даст овардааст.

Нодирбек Абдусатторов дар марҳалаи ниҳоӣ шатранҷбози рус Ян Непомняшийро бо ҳисоби 1,5:0,5 шикаст додааст. Ӯ пештар бар қаҳрамони норвегӣ Карлсен пирӯз шуда буд.

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов хабар дод, ки раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев ва ҳамаи аъзои ҳайат ҳангоми баргашт аз шаҳри Санкт-Петербург тавассути ҳавопаймо бозии Абдусатторовро онлайнӣ тамошо мекарданд.

XS
SM
MD
LG