Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев дар мулоқот бо Путин аз "рӯёрӯии дастаҷамъонаи Ғарб зидди Русия" гуфт


Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин.
Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин.

Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки Москва "ҳодисаҳои вазнин"-ро аз сар мегузаронад ва аз "рӯёрӯии дастаҷамъонаи Ғарб зидди Русия" ёдовар шуд.

Сарфи назар аз чанд ҳамлаи лафзӣ аз сӯи сиёсатмадорон ва афроди расмии Русия нисбати Қазоқистон - изҳорот оид ба ҳудуд, мавқеи забони русӣ ва муносибат бо забони русӣ дар Қазоқистон - Назарбоев муносибатҳои ду кишварро "намунавӣ" унвон кард.

Путин, ки ҳамин сол гуфта буд, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯварӣ Русия ҳудуди бузургеро аз даст дод ва кишварҳои дигар онро "ҳамчун туҳфа" ба даст оварданд, дар посух ба ҳарфҳои Назарбоев оид ба муносибатҳои "намунавӣ" афзуд, "Дақиқан".

Назарбоев ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард, ки онҷо саммити ғайрирасмии роҳбарони Иттиҳоди кишварҳои мустақил (ИДМ) баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG