Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ аз Раҳмон хост, Тоҷикистонро узви ЕАЭС кунад. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, президенти Русия суҳбат кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, президенти Русия суҳбат кард.

Ҳизби демократи Тоҷикистон хоҳони пайвастани кишвар ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) шудаааст. Душанбе солҳо боз пешниҳоди Маскавро барои ҳамроҳ шудан ба созмони зери назорати Кремлин баррасӣ дорад, вале ҳанӯз хулосаи ниҳоии худро нагуфтааст. Русияву Беларус ва Қирғизистону Қазоқистон узви ин иттиҳод ҳастанд.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, рӯзи 27-уми декабр ин масъаларо баррасӣ карданд. "Ба хулосае расидем, ки аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, барои пазируфтани узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро дархост кунем," -- афзуд ӯ.

Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Русия қарор дорад. Президенти Тоҷикистон рӯзи 27-уми декабр барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Санкт-Петербург рафт.

Дар дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баррасии мавзуъ дар нишасти Санкт-Петербург дар миён гузошта нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, президенти Русия суҳбат кард, аммо дар хабарҳои расмӣ дар ин бора ҳарфе нест.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчун вакили порлумон аз президент мехоҳад, ки Тоҷикистонро ба ин созмон шомил кунад ва ба мушкили муҳоҷирон дар Русия поён бидиҳад.

Тоҷикистон узви ЕвраЗэс мешавад, ё не?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

"Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2014, аз замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба ин тараф, масъалаи шомил шудан ба онро баррасӣ доранд, вале то ҳанӯз қадаме набардоштаанд. Бар асоси оинномаи ин созмон, ба муҳоҷирони кишвари узв дар Русия ҳаққи баробари фаъолият, ба мисли шаҳрвандони ин кишвар медиҳанд," -- мегӯяд Усмонзода.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон, рӯзи 27-уми декабр дар мукотиба бо Радиои Озодӣ эҳтимоли баррасии ин масъаларо дар нишасти мазкур рад кард.

Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем” посух додааст. Усмонзода мегӯяд, агар Тоҷикистон шомили ин созмон шавад, робитаҳои миёни кишварҳои узви созмон, аз ҷумла баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон роҳи ҳал пайдо мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, садҳо муҳоҷир аз шаҳру вилоятҳои Русия аз мушкили дарёфти патент шикоят мекунанд ва бо шомил шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ин масъала аз миён бардошта мешавад.

“Тоҷикистон ба хотири беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии мардумаш шомили даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ аст ва таъхир дар пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё зарар ба хонаводаҳое дар дохили кишвар аст, ки фарзандонашон дар Русия ноновари хона ҳастанд.”,--гуфт Усмонзода.

Русия аз соли 2014 – замони таъсиси Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

То замони таъсис ин созмон раиси Думаи давлатии Русия, Сергей Наришкин, аз Тоҷикистон даъват кард, ба "бахше аз раванди ҳамгироии Иттиҳоди Авруосиё табдил ёбад." Ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон ҷаноби Наришкин ҳамчунин ваъда кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, барои кор дар қаламрави Русия иҷозаи сесола дарёфт кунанд. То ҳоло онҳо ҳақ доштанд, ки танҳо барои як сол иҷозаи кор гиранд ва бо хуруҷу вуруди дубора ба Русия онро тамдид кунанд.

Дар оинномаи Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ҳадафи ин cозмон таъмини гардиши озоди молу хидматрасонӣ, сармоя ё маблағ ва нерӯи корӣ дар ҳудуди кишварҳои узви иттиҳод ва сиёсати ягона ва ҳамоҳангшуда дар бахши иқтисод унвон шудааст. Ин аст, ки қишри муҳоҷирони тоҷик беш аз дигарон ба гуфтаи таҳлилгарон хоҳишманди пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон ҳастанд.

Аммо дар он сурат буҷети кишвар ҳудудан аз 30 дарсади даромадҳояш, ки аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба даст меояд, маҳрум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG