Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мегӯяд, барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) шитоб надорад. ВИДЕО


Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо

Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), ниҳоди зери назари Русия, ҳанӯз як ҷавоб дорад: "Дар ҳоли баррасӣ аст". Мансабдорони Русия солҳо боз ҳукумати Тоҷикистонро ташвиқ мекунанд, ки ба ин Иттиҳод ҳамроҳ шавад. Муҳоҷирони тоҷик низ ба хотири баъзе аз имтиёзу сабукиҳо ҷонибдори пайвастан ба ЕАЭС ҳастанд.

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт, барои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё то ҳол созиши пешакӣ ҳосил нашудааст. Ӯ 2-юми август дар як нишасти матбуотӣ ва дар посух ба суолҳои батакрори хабарнигорон гуфт, "масъала ҳанӯз дар баррасӣ аст".

"Ин иттиҳод нисбатан ҷавон аст. Барои мо ва ҳар кишвари дигаре, ки хоҳиши ҳамроҳ шудан дорад, вақт лозим аст, то паҳлӯҳои мусбату манфиро ҳаматарафа омӯзад. Таҳлилҳо идома доранд. Аз ҷумла таҷрибаи кишварҳои узве, ки иқтисодашон нисбатан ба иқтисоди мо монанд аст. Дар амал ягон қарор қабул нашудааст", -- шарҳ дод вазири рушди иқтисод.

Завқизода дар ҷавоб ба пурсиши хабарнигорон, ки барои эълони тасмими ниҳоӣ чанд соли дигар зарур аст, гуфт, вақти дақиқеро намедонад, "чун таҳлилҳо ва қарорҳо набояд бошитоб хулоса шаванд."

Мавзӯи даъвату пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, созмони зери нуфузи Русия, ба камияш ҳафт сол боз садо медиҳад. Мақомоти Русия ҳукумати Тоҷикистонро барои ҳамроҳ шудан ба Иттиҳод ташвиқ мекунанд, аммо давлати Тоҷикистон ҳамвора мегӯяд, суду зиёни созмонро месанҷад ва агар ба нафъаш буд, ба он шомил мешавад.

Радиои Озодӣ низ борҳо ин мавзуъро бо мардум ва коршиносон дар миён гузоштааст. Дар суҳбати моҳи феврали имсол коршиноси тоҷики муқими Аврупо, Аюб Эгамов, фоидаву зиёни узвияти Тоҷикистон дар ЕАЭС-ро чунин баршумурда буд:

"Агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад, якум ба нафъи муҳоҷирон аст ва дувум аз қочоқи мол аз Чин ва кишварҳои дигар пешгирӣ мешавад. Ин тарафи мусбаташ аст. Тарафи манфиаш ин аст, ки ворид кардани техникаву технологияҳои нав аз кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Аврупо мушкил мешавад. Маҷбур мешаванд, онро аз Русия бигиранд. Пешниҳод дорам, ҳукумат шароит муҳайё кунад, то мардум худ ҷойи кор офаранд."

Навори пурраи баҳсро дар инҷо бинед:

Чаро Тоҷикистон узви ЕАЭС намешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:06 0:00

Дар ҳоли ҳозир Русияву Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон аъзои ин созмон ҳастанд.

Оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегӯяд, дар қаламрави кишварҳои узв гардиши озоди нерӯи корӣ, сармояҳо, мол ва хадамот кафолат дода мешавад. Аммо дар амал, ба андешаи намояндагони баъзе аз кишварҳои узв, шароити рақобати молу хадамот дар дохили созмон баробар нест.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG