Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳудуди 3 млн воя ваксинаи нави зидди КОВИД-19 дарёфт кард


Бонки Осиёии Рушд аз ворид шудани ҳудуди 3 миллион воя ваксинаи нави зидди КОВИД-19 ба Тоҷикистон хабар дод. Бастаи нави ин ваксинаҳо рӯзи 23-юми декабр ба Тоҷикистон расидааст.

Аз дафтари матбуоти намояндагии БОР дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 2, 962, 800 воя ваксинаи "Sinovac" дар чаҳорчӯбаи тарҳи грантии Бонки Осиёии Рушд тавассути Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва дар чаҳорчӯбаи барномаи ҷаҳонии COVAX ворид шуд.

БОР мегӯяд, ки аз ҷониби ин бонк дар моҳи июни соли ҷорӣ барои расонидани ҳудуди аз 3,5 миллион воя ваксинаи Sinovac 25 миллион доллар грант ҷудо шуда буд.

Аз ин қабл низ Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон барои мубориза бо пандемияи ҳамагири КОВИД-19, беш аз 50 миллион доллар грант ихтисос дода буд.

Мақомоти тоҷик қаблан эълон карда буданд, ки гирифтани ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои кишвар ҳатмӣ мебошад. Ваксинаҳо ба сокинони Тоҷикистон ройгон гузаронида мешавад. То кунун ба Тоҷикистон беш аз 8 миллион воя ваксинаи зидди КОВИД-19 ворид шудааст.

Бар асоси маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 21-юми декабри соли равон беш аз 3 миллиону 618 ҳазор нафар (62,1%) шаҳрвандони кишвар ваксинаи зидди КОВИД-19 гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, ки то имруз дар саросари кишвар 2 миллиону 875 ҳазору 693 нафар (49,4%) шаҳрвандони Тоҷикистон вояи дуюми ваксинаро дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG