Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев: Додситони кулро вақте эҳтиром мекунам, ки "раисони калон"-ро таъқиб кунад


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21-уми декабр дар ҷаласае хитоб ба Додситони кулли ин кишвар гуфт, " агар ба ҷои баргузор кардани ҷаласаҳои оддӣ раисони калонро таъқиб кунед, ман шуморо эҳтиром хоҳам кард".

Мирзиёев, ки дар ин ҷаласа масъалаи баҳисобгирии замин ва кадастрро баррасӣ мекард, гуфт, дар ин бахш фасодкориҳои зиёд аст. Ба гуфтаи Мирзиёев, масоҳати заминҳое, ки барои 30 ҳазор деҳқон ва кишоварз ҷудо шудааст, назар ба арқоми расмӣ 67 ҳазор бештар аст.

"Пушти ин ҳама фасодкорон, порагирон, ҳокимон ва додситонҳо истодаанд. Додситони кул бояд ба ҳама бигӯяд, сарфи назар аз он, ки ба онҳо писанд меояд, ё не. Тибқи Конститутсия, бузургтарин ниҳоди зидди фасод дар мо додситонӣ аст. Ин вазифаи конститутсионии онҳост", - изҳор дошт президенти Узбекистон.

"Ҷаноби Юлдошев қотеъона бояд ба ҳама гуфт, ки дар пушти ин корҳо порагирон ва фасодкорон меистанд. Бояд ба ҷавобгарӣ кашид, на ҷаласаҳои оддӣ баргузор кард. Агар шумо муҷозоти раисони бузургро оғоз кунед, ман ҳам эҳтиром кардани шуморо оғоз мекунам", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG