Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони Бадахшон ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат карданд


Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ аз Рустами Эмомалӣ хостанд, ҳодисаҳои ахири вилоятро баррасӣ кунад.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ аз Рустами Эмомалӣ хостанд, ҳодисаҳои ахири вилоятро баррасӣ кунад.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 20-уми декабр дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон хостанд, ҳодисаҳои ахири вилоятро дар иҷлосияи навбатӣ баррасӣ кунад.

Марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дар рӯзи 25-уми ноябр боиси эътирози чоррӯзаи сокинон дар Хоруғ шуд ва мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мувофиқа расиданд, ки ин ҳодисаро одилона тафтиш мекунанд, вале зоҳиран ҳамкории фаъолон ва мақомот ба мушкил печидааст.

Фаромуз Эргашов, узви “Комиссияи 44”, ки дар ин видео аз номи ин гурӯҳ суҳбат мекард, гуфт, дар гирдиҳамоии ахири Хоруғ 17 нафар захмӣ гаштанд ва ду нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Аммо ӯ гуфт, ки ҳодиса якҷониба таҳқиқ мешавад ва айни замон фақат латтукӯби кормандони мақомоти қудратӣ тафтиш мешавад, вале дар бораи ду нафар кушташуда ва 15 сокини аз тир маҷрӯҳшуда сухане нест. Дар идома гуфта мешавад, арзишҳое мисли сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистон дар вилоят зери хатар қарор дорад ва ин дар оянда метавонад оромиву сулҳу суботро дар миқёси кишвар халалдор кунад.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки эътирозгарон силоҳи кормандони милисаро тасарруф карда буданд ва аз тариқи онҳо мехостанд, ҳамла кунанд. Танҳо дар ин ҳолат, ба гуфтаи онҳо, ба сӯи ин афрод тир парронда шудааст.

Фаъолони Бадахшон аз Рустами Эмомалӣ хостааст, ин мавзуро дар ҷалассаи Маҷлиси Миллӣ матраҳ кунад.

Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ аст, ки дар кишвар нафари дуюм ҳисоб мешавад.

Ӯро ба он танқид мекунанд, ки танҳо барои писари президент будан соҳиби ин мақом шудааст ва дар амал тавоноиву дарки масъалаҳои муҳими сиёсиро надорад. Аммо бисёриҳо мегӯянд, чун тамоми сохторҳо дар Тоҷикистон аз як хонавода вобаста аст, дар сурати садо баланд кардани Рустами Эмомалӣ, масъала ба суди муроҷиаткунанда ҳал хоҳад шуд.

Аз рӯйи салоҳиятҳо низ Рустами Эмомалӣ дахолат ба ҳалли мушкилиҳои печидаро дорад. Зоҳиран, бо ҳамин далел фаъолон ба ӯ муроҷиат карданд, то дар таҳқиқи одилонаи ҳодисаи Хоруғ кумак кунад.

Маълум нест, ки то куҷо ӯ ба ин масъала расидагӣ мекунад, вале фаъолон мегӯянд, ин яке аз роҳҳои қонунӣ аст, ки онҳо анҷом доданд.

Эътирози сокинон дар шаҳри Хоруғ рӯзи 25-уми ноябр шуруъ шуда, баъди он ки ҳукумати Бадахшон шартҳои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пазируфт, 28-уми ноябр ба поён расид. Норозиён талаб доштанд, ки омилони марги Гулбиддин Зиёбеков боздошт ва муҷозот шуда, интернет дубора дастрас гардад ва эътирозгарон таъқиб нашаванд. Ҳанӯз ҳам интернет ба сурати комил дар ин вилоят дастрас нашудааст ва фаъолон аз нодуруст ба роҳ мондани таҳқиқ шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG