Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов: Қирғизистон то январи соли 2022 аз "Қумтор" $300 млн даромад мегирад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 19-уми декабр дар вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ҷалолобод гуфт, ки ин кишвар то моҳи январи соли 2022 аз кони тилои "Қумтор" то 300 миллион доллар фоидаи холис ба даст хоҳад овард.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" дар ҳоли ҳозир сад дар сад ба ҳукумати Қирғизистон тааллуқ дорад ва танҳо "баъзе аз расмиётҳое мондааст, ки бояд иҷро шаванд". Ҷабборов афзуд, ки даромади аз кони мазкур омада ба баланд бардоштани маошу кумакпулиҳо ва сармоягузории тарҳ равона мешавад.

Президенти Қирғизистон изҳор дошт, ки аз кони "Қумтор" солона ба маблағи 1 миллиард доллар металли қиматбаҳо истихроҷ мешавад. Нисфи ин маблағ хароҷотҳои худи ширкатро рӯйпӯш карда, нисфи дигар даромади холис мебошад.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона то 15-17 тона тило аз онҷо истихроҷ мешавад. То баҳори имсол кони мазкурро ширкати канадагии "Centerra Gold Inc." коркард мекард ва Қирғизистон 26% саҳм дошт. Мақомоти Қирғизистон охири баҳори имсол мудирияти конро ба ихтиёри худ гирифтанд. Баҳси Қирғизистон бо ширкати канадагӣ ба додгоҳи байналхалқӣ кашида шудааст.

XS
SM
MD
LG