Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар кони "Рубана"-и Русия. 128 ангиштканро берун оварданд


Дар шахтаи ба номи А.Д.Рубанаи шаҳри Ленинске-Кузнетскийи вилояти Кемерови Русия гармшавии қабати ангишт ба амал омадааст. Хабаргузории "ТАСС" бо истинод ба манбаи худ дар ширкати "СУЭК-Кузбасс" иттилоъ дод, ки ҳамаи 128 ангиштканро берун бароварданд. Дар ширкати "СУЭК", ки кони ангиштро дар ихтиёр дорад, ба "РБК" сабаби ҳодисаро гармшавии қабати ангишт номидаанд.

Дертар хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба ситоди фаврӣ хабар дод, ки сабаби рух додани ҳодиса "раванди кимиёӣ дар қабати ангишт" мебошад. "Оксидшавии ангишт оғоз шуд ва эҳтимоли оташ гирифтани қабати ангишт вуҷуд дошт", - изҳор доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

25-уми ноябри соли равон дар шахтаи "Листвяжная"-и вилояти Кемеров низ таркиш рух дода, 45 корманди кон ва 6 афсари хадамоти изтирорӣ ҳалок шуданд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар кон таркиши метан ва баъд аз он сӯхтор ба вуқуъ пайвастааст. Он замон дар кон 285 нафар ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG