Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон хост, кишварҳои исломӣ ба ҳукумати Толибон кумак кунанд


Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷии ҳукумати Толибон ва Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон
Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷии ҳукумати Толибон ва Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон

Покистон рӯзи 19-уми декабр мизбони нишасти ғайринавбатии Созмони ҳамкории исломӣ шуд, ки мавзуи меҳвариаш бӯҳрони Афғонистон аст.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, пеш аз оғози нишаст, дар як изҳорот гуфт, вазирони умури хориҷаи 57 кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар ин нишаст ширкат мекунанд, то роҳҳои кумак ба Афғонистонро омӯзанд. Қурайшӣ гуфт, қудратҳои бузург, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин ва Иттиҳодияи Аврупо - намояндагони вижаи худро дар умури Афғонистон ба нишасти якрӯза мефиристанд.

Давлати таҳти раҳбарии Толибонро дар ин нишаст вазири хориҷаи он Амирхон Муттақӣ намояндагӣ мекунад. Натиҷаҳои нишаст ҳанӯз эълон нашудааст.

Созмони Милали Муттаҳид борҳо ҳушдор додааст, ки миллионҳо афғон дар фасли зимистон бидуни кумак ба гуруснагӣ дучор хоҳанд шуд.

Бо гузашти наздик ба чор моҳ ҳанӯз ҳеҷ кишвари дунё ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст ва бе ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон Афғонистон гирифтори мушкил шудааст.

XS
SM
MD
LG