Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандон ба худкушии муҳоҷири 57-сола дар Русия бовар надоранд


Ҷасади Маҳмуд Аҳмадовро рӯзи 14-уми декабр ба Тоҷикистон фиристоданд.

Пайвандони як муҳоҷири тоҷик, ки ҷасадашро дар Иркутски Русия овехта пайдо карда буданд, ба худкушии ӯ бовар надоранд.

Наздиконаш ҷасади Маҳмуд Аҳмадови 57-соларо рӯзи 12-уми декабр аз сардхона гирифтанд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки рӯзи 4-уми декабр ҷасади ӯро берун аз шаҳр овехта пайдо карданд ва интизори пайдо кардани наздиконаш буданд. Ҳодиса бар асоси фарзияи худкушӣ таҳқиқ мешавад. Ин муҳоҷир солҳо боз дар Русия зиндагӣ карда, шаҳрвандии ин кишварро доштааст.

Хушбахт Аҳмадов, бародари Маҳмуд Аҳмадов рӯзи 19-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, худкушии бародараш боварнокарданӣ аст. Ба қавли ӯ, рӯзи 3-уми декабр бародараш дар намози ҷумъа иштирок кардааст ва ҳамон рӯз бо пайвандонаш дар Тоҷикистон видеоӣ суҳбат кардааст.

“Рӯзи 3-ум бо як ҷиянам гап задааст, рӯзи чорум ҷасадашро ёфтаанд. Мо ба ҳама мақомот муроҷиат кардем, ки ба худкушии ӯ бовар надорем, чун ҳеҷ аломате дар суҳбатҳояш дида намешуд. Чӣ чизе шудааст, ба фикри мо аз роҳи масҷид то хонааш шудааст. Ӯ аз ҳеҷ чизе камбудӣ надошт”,--гуфт ӯ.

Ҷамъияти тоҷикони муқими Иркутск рӯзи 14-уми декабр ҷасади ин муҳоҷирро ба ватан фиристоданд. Хушбахт Аҳмадов мегӯяд, дар хулосаи ташхисе, ки ҳамроҳи ҷасад ба онҳо равон карданд, сабаби марг "монанд ба худкушӣ" гуфта шудааст. Хулосае, ки наздикони Маҳмуд Аҳмадов аслан ба он бовар надоранд ва тақозои тафтиши ҳодисаро доранд.

Мақомоти Русия расман хабарро шарҳ надодаанд.

Маҳмуд Аҳмадов, муҳоҷири собиқадор буда, солҳо дар соҳаи сохтмон кор кардааст.

Аз ин пеш, як тан аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯ ду ҳафта пеш ба ҳамсараш гуфтааст, ки зери фишори як корфармои рус қарор дорад.

“Ӯ гуфтааст, ки раҳбари як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик дар як сохтмон буд. Пули сохтмонро аз корфармо гирифта ба муҳоҷирон медиҳад, вале корфармо биноро қабул намекунад ва мегӯяд, ки пулро баргардонанд. Ҳамин хел шикоятҳо доштааст, вале касе ба худкушии ӯ бовар надорад,”--гуфт ӯ.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Иркутск дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо мақомоти Русия дар ин самт ҳамкорӣ хоҳанд кард. “Агар воқеан инҷо сабаби дигар дошта бошад, бовар дорам, ки мақомоти шаҳр онро маълум мекунанд. Мо ба хонаводаи ин муҳоҷир дар навиштани ариза кумак мекунем ва онҳоро баро адолатхоҳӣ ҳамроҳӣ мекунем”,--гуфт ӯ.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Солона то ҳудуди ҳазор тобути муҳоҷирон ба ватан фиристода мешавад. Далели марги аксари онҳо ҳодисаҳои нохуш унвон мешавад.

Моҳи ноябр аз шаҳри Иркутск ҷасади ду муҳоҷири тоҷик низ ба ватан фиристода шуд, ки ба гуфтаи мақомот, онҳо дар пайи оташ зада шудани вагони зисташон ба ҳалокат расида буданд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG