Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ба Русия ҳушдор дод


New German Economy and Climate Minister Robert Habeck officially takes office
New German Economy and Climate Minister Robert Habeck officially takes office

Як мақоми баландпояи Олмон ба Русия ҳушдор дод, ки агар ба Украина ҳамла кунад, “ба оқибатҳои сангине” дучор мешавад.

Роберт Ҳабек, вазири иқтисоди Олмон дар як мусоҳиба гуфтааст, ки агар Русия ба Украина ҳамла кунад, масъалаи лӯлаи интиқоли гази табиии "Хатти Шимол-2" бозбинӣ мешавад. Тариқи ин хат Русия ба Олмон газ интиқол медиҳад ва пешбинӣ мешавад, ки фоидаи бузурге ба даст хоҳад овард.

Ин мақомдори олмонӣ, ки бо як нашрияи маҳаллӣ суҳбат мекард, гуфтааст, агар ба тамомияти арзии Украина хатар таҳдид кунад, онҳо омодаи кумак ба ин кишвар ҳастанд.

Русия ҳазорон низомиашро дар марз бо Украина ҷой додааст. Мақомоти Украина ҳарос доранд, ки Русия қасди ҳамла ба ин кишварро дорад.

Мақомоти кишварҳои ғарбӣ ба Русия ҳушдор доданд, ки фикри ҳамла ба Украинаро аз сар берун кунад. Русия гуфтааст, чунин нияте надорад.

Лӯлаи газе, ки ҳоло Олмон бо он Русияро ҳушдор медиҳад, аз тарҳе миёни Русия ва Олмон буд, ки Амрико шадидан бо он мухолифат дошт. Борҳо ИМА аз Олмон хост, ки дар ин самт ҳамкорӣ бо Русияро қатъ кунад, вале Олмон чунин накард. Дар сурати қатъи он Русия миллиардҳо доллар зарар мебинад.

XS
SM
MD
LG