Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзӣ дар Ҷопон даҳҳо нафарро кушт


Ҳодиса дар шаҳри Осака, яке аз бузургтарин шаҳрҳои Ҷопон ба вуқуъ пайваст.
Ҳодиса дар шаҳри Осака, яке аз бузургтарин шаҳрҳои Ҷопон ба вуқуъ пайваст.

Дар натиҷаи оташ гирифтани як шифохонае дар шаҳри Осакаи Ҷопон даҳҳо нафар ба ҳалокат расидаанд. Телевизиони ҷопонии NHK рӯзи 17-уми декабр хабар дод, ки 27 нафар “ба сактаи қалб ва нафастангӣ” гирифтор шудаанд, мафҳуме, ки дар Ҷопон пеш аз эълони марги касе истифода мешавад.

Хабаргузории “Киодо Нюс” навиштааст, ки мақомоти пулис фарзияи оташ задани барқасдонаи шифохонаро тафтиш мекунанд. Шифохона дар ошёнаи чаҳоруми бинои баландошёнае ҷойгир будааст ва дар он ба беморони рӯҳӣ кумак мекардаанд.

Расонаҳои Ҷопон мегӯянд, марди пире, як борхалтае ба маводи сӯхтро оварда ва сипас оташ задааст. Маъмурони оташнишонӣ, оташро дар ним соат хомӯш кардаанд.

XS
SM
MD
LG