Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат як ширкати дигарро 7 сол аз пардохти андозу боҷ озод кард. "Мармарӣ" аз кист?


Ба истифода додани забҳхонаи "Мармарӣ" дар шаҳри Душанбе. 28-уми августи 2021
Ба истифода додани забҳхонаи "Мармарӣ" дар шаҳри Душанбе. 28-уми августи 2021

Ҳукумати Тоҷикистон "Мармарӣ", ширкати азимеро, ки дар ҷануби кишвар ба парвариши чорво ва мурғ машғул аст, ҳафт сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод кардааст.

Матни созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ "Мармарӣ" рӯзи 12-уми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд. Ин созишномаро Мирзобиддин Нугманов, мудири “Мармарӣ” ва Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон рӯзи 24-уми сентябри 2021 имзо кардаанд.

Имтиёзҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин ширкат додааст, камсобиқа аст. Ширкат аз пардохти аксар андозҳо ба муддати 7 сол пурра озод шудааст. Ин гуна имтиёзҳо ширкатро дар баробари рақибонаш дар бозори дохилӣ, ки вазифадоранд, андоз диҳанд, дар мақоми истисноӣ қарор медиҳад.

Тибқи шартнома бо ҳукумат, моликони ширкати “Мармарӣ” аз пардохти

  • андоз аз фоида;
  • андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
  • андози замин;
  • андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол (кор ва хидматрасонӣ) ва таҳвили маҳсулот дар ҳудуди Тоҷикистон озод карда шудааст.

Дар иваз ширкати “Мармарӣ” уҳдадор шудааст, бо харҷи 25 миллион доллар шумораи говҳоро дар фермае дар ноҳияи Ёвон ба 3500 сар расонида, дар як сол 20 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол кунад. Дар маҷмааи паррандапарварии ноҳияи Данғара аз 2,7 миллион парранда дар як сол 5 ҳазору 86 тонна гӯшти мурғ омода намояд.

Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон
Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Кандукови Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин ширкатро шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, роҳбарӣ мекунанд. Мақомот дар ин маврид ҳеч ишорае накардаанд.

Дар расми кушодани фермаи чорвопарварии “Мармарӣ” дар Ёвон, коргоҳи мурғпарварӣ дар Данғара ва забҳгоҳи он дар Душанбе низ шахсан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ иштирок доштанд. Дар ин маросим Мирзо Муҳаммад Файзуллозода, молики ширкати азими дигар, "Авесто Гурӯҳ", дида мешавад.

Дар ҳоле ки соҳибкорон ва моликони ширкатҳои дигар аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд, дар Тоҷикистон ширкатҳои наздик ба ҳукумат имтиёз мегиранд ва аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ озод мешаванд.

Аз ҷумла, моҳи марти соли 2019 Маҷлиси Намояндагон бо пешниҳоди ҳукумат созишномаеро тасвиб кард, ки тибқи он ширкати хусусии "Амирӣ" ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд. Ин ширкат ваъда дода буд, бо харҷи 20 миллион доллар корхонаи қаннодӣ месозад.

Мувофиқи санадҳое, ки он замон дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин ширкат ба Давлатов Зарифбек Шарифович тааллуқ дорад. Дар гузашта чанде аз пойгоҳҳои хабарӣ, аз ҷумла eurasianet.org ва нашрияи "Аргументы и факты"-и чопи Маскав ӯро яке аз домодҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд. Зарифбек Давлатов дар гузашта намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд ва соли 2010 аз ин мақом озод шуд.

Пеш аз ин, чанде аз ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин аз имтиёзҳои андозӣ бархурдор шуда буданд. Тоҷикистон ширкатҳои “Ҳуаксин Ғаюр Семент” ва “Ҳуаксин Ғаюр Индастриал”-ро, ки ба Акбар Ғуломов, писари муовини нахуствазири собиқ Асадулло Ғуломов мутааллиқ аст, низ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Аммо коршиносон мегӯянд, давлат барои ҳамаи ширкатҳо бояд "қоидаи ягонаи" бозиро муайян кунад ва набояд ширкатҳои алоҳида аз имтиёзи андозӣ бархӯрдор гашта, дигарон зери бори андоз қомат хам кунанд.

XS
SM
MD
LG