Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ чӣ қадар ва чӣ хел андоз хоҳад пардохт? Фоидаву зиёни Кодекси навро гуфтанд. ВИДЕО


Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, ҳангоми нишасти хабарӣ. 30-юми июли 2021

Шаҳрвандон, корхонаҳо ва соҳибкорони Тоҷикистон дар оянда кадом хел ва чӣ қадар андоз (молиёт) хоҳанд пардохт? Инро Кодекси нави андоз муайян мекунад, ки ҳоло тарҳи онро ҳукумат баррасӣ дорад. Гуфта мешавад, навъу миқдори андоз камтар хоҳад шуд.

Пештар баъзе аз соҳибкорону раҳбарони ширкатҳо мегуфтанд, воқеан дар тарҳи нави Кодекси андоз баъзе сабукиҳои хурд ҳаст, вале мушкилҳо низ мондаанд. Солҳо боз низоми андозбандии Тоҷикистонро ба хотири сарбории зиёд доштан барои соҳибкорон танқид мекунанд.

Сабукиҳо кадоманд?

Сарони Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтанд, дар Кодекси нав шумораи умумии андоз ё молиёт аз 10 ба 7 адад кам шудааст. Инчунин, андоз аз даромад бо андоз аз фоида якҷоя карда мешавад. Сабукии дигар ин якҷоя кардани андоз аз воситаҳои нақлиёт бо андоз аз молу мулк будааст. Ба қавли мутахассисон, ин навъи андоз такрорӣ аст ва бояд солҳо пеш бекор мешуд.

Тағйирҳои дигари қонуни андозро Нарзулло Маликзода, муовини раиси Кумитаи андоз, рӯзи 30-юми июл чунин баршумурд:

  • "Меъёри андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 13 дарсад ва барои дигар навъи фаъолият 18 дарсад пешбинӣ шудааст (феълан ин 23 дарсад аст);
  • Меъёри андоз барои шахсони воқеӣ 12 дарсад пешбинӣ шудааст (феълан ин рақам 8 ва 13 дарсад аст);
  • Меъёри андоз аз арзиши изофашуда (НДС) 15 дарсад пешбинӣ шудааст (феълан ин рақам 18 дарсад аст)."

Як навгонии дигар, ки метавонад барои корфармоён дар Тоҷикистон хабари хуб бошад, коҳиши андози ҳифзи иҷтимоӣ будааст. То имрӯз корфамоён дар Тоҷикистон барои ҳар корманд ба андозаи 25 дарсади маош ба буҷа молиёти ҳифзи иҷтимоӣ медоданд. Дар Кодекси нав меъёри он 20 дар сад пешбинӣ шудааст.

Нигарониҳои мақомот аз чист?

Вале масъулони Кумитаи андоз аз сабукиҳои Кодекси нав нигарониҳое ҳам доранд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз гуфт, "дар ҳақиқат, боис ба зарар ҳам мешавад. Бино ба ҳисобҳои ибтидоӣ, маблағҳои калон аз даст мераванд. Барои он ки намуди андозҳо кам шуд, тартиби ҳисоб дигар мешавад, манбаъ дигар мешавад. Мақсад ҳамин аст, ки имтиёз диҳем, истеҳсолот рушд кунад, ҷойҳои корӣ бештар шавад ва манбаи иловагӣ пайдо гардад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Кодекси боҷу хироҷи Тоҷикистон боз нав мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Дар назар аст, ки тарҳи нави Кодекси андоз то моҳҳои октябр ё ноябри имсол ба порлумон фиристода шавад. Як масъули Кумитаи андоз 30-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи нақшаи онҳо, андозбандӣ аз 1-уми январи соли оянда бояд бар асоси Кодекси нав сурат гирад.

Кодекси андозе, ки ҳоло амал мекунад, соли 2013 қабул шудааст ва, бино бар сарбориҳои гаронаш, ҳадафи танқиди соҳибкорон гашта, сол аз сол зарурати ислоҳи онро ба миён овардааст.

Аз ҷумла, дар таҳқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифтааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки 32,8 дарсад аст, ду баробар бештар мебошад.

"Субот ҳаст, вале андоз вазнин аст"

Баъзе аз коршиносон аз мақомот даъват доранд, ки бо қабули Кодекси нав ҳамин сарбориро аз сари андозсупорандагон кам кунанд. Ба қавли Нуриддин Қаюмов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, “гузаштагони мо мегуфтанд, барои рушди ҷомеа ду чиз даркор аст: андози сабук ва тинҷию амонӣ. Дар кишвар тинҷию амонӣ ҳаст, лекин масъалаи андоз ба мардум вазнинӣ меорад. Андозро сабук кардан даркор, то мардум ҳис накунад, ки доимо дар зери фишори ҳастанд.”

Даъватҳо ба коҳиши андоз ё молиёт солҳо боз дар Тоҷикистон садо медиҳад. Мақомот мегӯянд, имкони бисёр кам кардани андоз вуҷуд надорад, чун буҷаи кишвар ба камбуди пул рӯбарӯ мешавад. Ҳудуди 70 дарсади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз пур мешавад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон се бор Кодекси андоз иваз шуд, аммо, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, ҳеч яке аз ин қонунҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити муносибу мусоид фароҳам наоварданд. Назаре, ки мақомот ба он розӣ нестанд ва мегӯянд, ба соҳибкорон сабукиҳои зиёде додаанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG