Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеҳсоли гушт дар Тоҷикистон зиёд шуд, вале нарх тағйир наёфт


Дукони гӯштфурӯшӣ дар Душанбе
Дукони гӯштфурӯшӣ дар Душанбе

Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт беш аз 5 дар сад зиёд шудааст, вале нархи он ҳамоно баланд боқӣ мемонад.

Тибқи иттилои Кумитаи омор ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калони шохдор ва чорвои майда дар даҳ моҳи соли ҷорӣ аз 180 ҳазор тонна гузаштааст. Ҳамчунин то 1- уми ноябр саршумори чорвои калони шохдор дар кишвар 2,4 миллион сарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли пеш бештар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, арзиши як кило гӯшти гов дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 67 сомонӣ аст. Бо назардошти музди миёна ки 1541 сомонист, на хар як оила бо чунин нарх гӯшт харидан метавонад.

Бештари фурӯшандаҳо сабаби гаронии нархи гӯштро ба болоравии қимати хӯроки чорво марбут медонанд.

XS
SM
MD
LG