Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр паёми солонаи худро ироа хоҳад кард.

Охири ҳар сол Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ду палатаи порлумони Тоҷикистон ширкат мекунад ва дар бораи фаъолиятҳои гузашта ва ояндаи ҳукумат суҳбат мекунад.

Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 12-уми декабр хабар додааст, ки президент “дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” паём ироа хоҳад кард.

Маъмулан, президенти Тоҷикистон дар паёми худ аз муввафақиятҳо суҳбат мекунад ва хеле кам дар бораи камбудии кори ҳукумат изҳори назар мекунад. Мухолифон мегӯянд, Раҳмон ҳеч гоҳ дар паёми худ дар бораи мушкили муҳоҷирони тоҷик ва нарх дар бозорҳову маҳдудияти озодии баён ва дину иқтисод ишора намекунад.

Маълум нест, ки мавзуи калидии паёми солонаи Раҳмон аз чӣ иборат хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG