Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо табиб аз як ноҳияи Тоҷикистон ба Русия кӯч бастаанд


Гуруҳе аз сокинони Тоҷикистон дар талоши ба Русия рафтан. Фурудгоҳи Душанбе, соли 2021
Гуруҳе аз сокинони Тоҷикистон дар талоши ба Русия рафтан. Фурудгоҳи Душанбе, соли 2021

Мақомоти расмӣ дар ноҳияи Шаҳринав гуфтаанд, ки имсол даҳҳо табиб ва парастор кор дар шифохонаҳои ин ноҳияро бас карда, ба Русия рафтаанд.

Нашрияи “Садои Мардум”, минбари расмии порлумони Тоҷикистон, бо такя ба гуфтаҳои Ғиёсиддин Раҳимов, сартабиби беморхонаи марказии Шаҳринав навиштааст, дар умум, дар соли гузашта ва имсол 13 табиби шифохона барои кор ба Русия сафар карданд.

Ба қавли сартабиб, дар баробари онҳо, 32 парастор низ тарки пеша карда, 10 нафарашон бо аҳли хонавода ба Русия кӯч бастанд.

Толиб Аҳмадов, мудири Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Шаҳринав, ба “Садои Мардум” гуфтааст, дар 9 моҳи имсол 7 табиби болаёқати муассиса, аз ҷумла ҷарроҳон, урологҳо, табибони оилавӣ ва дандонпизишк барои кор ба Русия рафтаанд.

Дар хабар омадааст, ки сабаби тарки кор ва муҳоҷирати табибон музди кам, эҳтиёҷ ба хонаи хусусӣ ва санҷиши зиёду беасоси сохторҳои давлатӣ мебошад.

Ба сабаби муҳоҷират ба Русия, ҳоло ноҳияи Шаҳринав ба табибони оилавӣ, дандонпизишк, ҷарроҳ, осебшинос, табиби кӯдакон ва момодояву дигар мутахассисони тиб муҳтоҷ шудааст.

Аз Тоҷикистон солона садҳо ҳазор нафар барои кор ба Русия мераванд ва мутахассисон гуфтаанд, бо вуҷуди манофеи кӯтоҳмуддати муҳоҷирати корӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ин тамоюл дар дарозмуддат барои кишвар фалокатбор хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG