Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси носро ба порлумони Узбекистон кашиданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар порлумони Узбекистон баҳсу баррасӣ дар бораи нос, як навъи тамокуи маҳаллӣ идома дорад, ки дар Тоҷикистон ҳам зиёд истифода мешавад.

Вакилони мардумии Узбекистон ин ҳафта масъалаи онро баҳс карданд, оё носро ба куллӣ манъ кунанд ва ё истеҳсолу фӯруши он қонунӣ шавад.

Вакили порлумон, Мақсуда Ворисова, аз ҷумла гуфт, “истифодаи носро бояд манъ кард, вале ин дар ҷомеа норозигӣ бармеангезад, ё бояд истеҳсолу фурӯши онро ба маҷрои қонун даровард.”

Вазорати тандурустии Узбекистон мехоҳад, истифодаи нос батамом манъ карда шавад, вакилон мегӯянд, чунин коре имкон надорад ва бояд фурӯши онро қонунӣ карда, молиёт (андоз) ситонд.

Дар ин кишвар 12 дар сади мардум нос мекашидаанд. Дар Тоҷикистон ҳам садҳо ҳазор нафар ин навъи тамокуро истеъмол мекунанд, ки барангезандаҳои бемории роҳҳои нафас ва саратон зиёд дорад.

XS
SM
MD
LG