Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар як фурӯшгоҳ дар Узбекистон ба даҳҳо хона осеб расонд


Фурушгоҳи "Indenim"-и шаҳри Деҳнав.

Раиси вилояти Сурхандарёи Узбекистон Тура Боболов 8-уми декабр хабар дод, ки дар натиҷаи таркиши фурӯшгоҳи "Indenim"-и шаҳри Деҳнави вилоят Сурхондарё 65 хона осеб дидааст.

Ба гуфтаи раиси Сурхандарё, мақомот ба соҳиби манзилҳои осебдида кумак хоҳанд кард.

Муовини додситони кулли Узбекистон Дониёр Масалиев хабар дод, ки ба рух додани таркиш дар фурӯшгоҳ маводи тарканда ё маҳсулоти нафтӣ сабаб нашудааст.

Бино ба маълумоти пешакӣ, таркиш дар натиҷаи ба муҳлати тулонӣ истифода шудани таҷҳизоти газ ва гармшавии аз меъёр зиёд рух додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ин таркиш, ки 7 декабр ба амал омада буд, ду нафар ҷон бохта, 9 тани дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG