Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар пойтахти Русия ихроҷи 6 муҳоҷири тоҷикро тасдиқ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Маскав рӯзи 8-уми декабр қарори ихроҷи шаш муҳоҷири тоҷикро содир кард. Ин муҳоҷирон барои ихроҷ ба Тоҷикистон ба Боздоштгоҳи муввақатӣ бурда шудаанд.

Наврӯз, яке аз муҳоҷирони боздоштшуда, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳоро ҳангоми ба кор рафтан дар даромадгоҳи метро дастгир карданд ва баъдан ба додгоҳ бурданд.

Пулиси Русия онҳоро ба он муттаҳам кардааст, ки гуё санади иқоматашон нодуруст аст.

Ба гуфтаи муҳоҷирон онҳо дар интизори парвоз ба Тоҷикистон ҳастанд.

Пештар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар Русия ҳушдор дода буд, ки санадҳои сабти ҷойи зисташонро дуруст кунанд ва дар онҷое худро номнавис кунанд, ки воқеан зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз муҳоҷирон худро дар як хона сабти ном карда, вале дар макони дигар кору зиндагӣ мекунанд. Қонунҳои Русия инро ҷиноят меҳисобад.

Фаъолони ҳуқуқи муҳоҷирон мақомоти танқид мекунанд, ки нисбати муҳоҷирон бераҳмона рафтор мекунанд ва барои онҳо шароити дурусти корӣ фароҳам намеоранд.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Бар асоси ҳисобҳои охирин беш аз дусад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳлатҳои гуногун аз ҳаққи даромадан ба қаламрави Русия маҳрум ҳастанд.

XS
SM
MD
LG