Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон аз Қазоқистон ҳазор автобус мехарад


Қазоқистон соли 2022 ба Қирғизистон 1 ҳазор автобуси навъи "Yutong" содир мекунад. Ҷонибҳо дар ин бора дар ҷараёни сафари ҳайати ҳукуматии Қирғизистон ба Қазоқистон ёддошти тафоҳумеро имзо кардаанд.

Қирғизистон ин автобусҳои мусофирбарро, ки бо низоми пардохти электронии "ONAY PAY" муҷаҳҳазанд, ба тариқи лизинг хоҳад гирифт. Арзиши автобусҳо ва муҳлати лизинг гуфта намешавад.

Шаҳрдории Бишкек соли равон бо ширкати "Эко Пассажирские перевозки" дар бораи харидории 350 автобуси навъи "ISUZU", ки дар Узбекистон истеҳсол мешавад, қарордод ба имзо расондаааст.

XS
SM
MD
LG