Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарздорони "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро рӯйхат кардаанд


Ҳоким Холиқзода
Ҳоким Холиқзода

Дар Тоҷикистон феҳрасти шахсони қарздор аз "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" тартиб дода шудааст. Ду бонки як замон "низомсоз" моҳи майи имсол барҳам хӯрданд.

Айни замон даҳҳо муштарӣ аз банд мондани амонатҳои худ дар бонкҳои муфлисшуда нигаронанд. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми декабр ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, "мушкили асосӣ фурӯши амволи бонкҳост".

Ба қавли ӯ, дар умум, "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" аз мардум 800 миллион сомонӣ қарздоранд. "Дар ҳолати фурӯхтани амвол, метавонанд, маблағи мардумро баргардонанд," – афзуд ӯ.

Аз соли 2016 ба ин сӯ чаҳор бонки Тоҷикистон муфлис шуданд. Аввал "Фононбонк"-у "Тоҷпромбонк" ва сипас "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк".

Ҳоким Холиқзода мегӯяд, муштариёни "Фононбонк" амонати худро пурра гирифтаанд. Ба қавли ӯ, "80 дарсади муштариёни "Тоҷпромбонк" низ пулҳояшонро гирифтанд. Албатта, шахсоне ҳастанд, ки намехоҳанд ба ҷои пул амволи бонкро бигиранд. Онҳо мехоҳанд, пули нақд бигаранд."

Қаблан баъзе аз муштариён аз тарзи фурӯхтани амволи бонк эътироз карда буданд. Фирдавс Шукуров, сокини Душанбе ва аз муштариёни "Тоҷпромбонк", 28-уми сентябри имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "амволи бонк бо нархи хеле гарон пешниҳод мешавад".

Раиси Бонки Миллӣ мегӯяд, бовар дорад, мушкили "Тоҷпромбонк" солҳои наздик ҳал мешавад. "Ҳамагӣ 40 миллион сомонӣ амонати мардум мондааст," -- гуфт ӯ.

Бо гузашти панҷ сол аз буҳрони бонкии Тоҷикистон танқидҳо аз низоми бонкӣ ва бахусус Бонки Миллӣ зиёд шудааст. Ҳарчанд масъулон дар мавриди бозпасгардонии амонати сокинон ваъда медиҳанд, муштариён пайваста аз тақдири норӯшани маблағҳои бандмондаашон дар бонкҳо дар ташвишанд.

XS
SM
MD
LG