Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Чин ба ИМА дар мавриди Олимпиада: "Касе, ки даъват нашудааст, таҳримро тарғиб мекунад"


Пекин, Чин. Октябри 2021
Пекин, Чин. Октябри 2021

Мақомоти Чин ба изҳороти Вашингтон дар мавриди "таҳрими дипломатӣ"-и Бозиҳои зимистонаи Олимпӣ дар Пекин дар соли 2022 посух доданд.

Тасмими ИМА маънои онро дорад, ки дар бозиҳои моҳи феврал дар Пекин, ки аз сӯи роҳбари Чин Си Ҷинпин кушода мешавад, президенти ИМА Ҷо Байден ва мақомдорони дигари баландпояи амрикоӣ ширкат намекунанд. Ҳамчунин дипломатҳо низ ба Чин намераванд: миёни ширкатдорони ҳайати ИМА танҳо варзишкорон ва мураббиён хоҳанд буд.

"Рафтори ИМА ба таври ҷиддӣ муоҳидаи Олимпиро дар мавриди бетарафии сиёсии варзиш вайрон мекунад", - гуфт Чжао Литсзян, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин.

Дар изҳороти ҷониби Чин омадааст, ки "сиёсатмадорони амрикоӣ таҳрими дипломатиро дар ҳоле тарғиб мекунанд, ки ҳанӯз ба Бозиҳо даъват нашудаанд". Чин изҳороти Вашингтонро "дасткории сиёсӣ", "иғвои ошкорои сиёсӣ ва таҳқири ҷиддии 1,4 миллиард чиноӣ" унвон кард.

Кохи Сафед рӯзи 6-уми декабр эълон кард, ки Амрико аз фиристодани мақомоти расмии худ ба Бозиҳои олимпии зимистона-2022 дар Чин ба хотири "ҷиноятҳо"-е, ки ҳукумати ин кишвар алайҳи башарият анҷом додааст, худдорӣ мекунад.

Чанд руз қабл аз он Пекин таҳдид карда буд, ки таҳрими дипломатии Бозиҳои олимпии зимистона-2022 бо вокуниши онҳо рубару хоҳад шуд. Ин таҳдид ба суханони Ҷо Байден, президенти Амрико буд, ки чанде пеш гуфт, ки дар ҳоли баррасии таҳрими ин бозиҳо ба хотири нақзи ҳуқуқи башар дар Чин, аз ҷумла ба гуфтаи Вашингтон, "наслкуши ақалияти мусалмон дар Шинҷон", аст.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, ки ин тасмим бо вуҷуди талошҳои ахир барои беҳтар шудани муносибатҳои Чин ва Амрико ва анҷоми як мулоқоти онлайнӣ миёни раҳбарони ду кишвар, робитаҳои бе ин ҳам тираи ду кишварро тиратар мекунад.

Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед, рузи душанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, "ҳукумати Байден ба хотири наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар минтақаи Шинҷон ва дигар мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар, ҳеҷ намояндаи расмӣ ё дипломатӣ ба Бозиҳои олимпӣ ва паратлимпии зимистонаи 2022 дар Чин, нахоҳад фиристод.

Вай афзуд, "фиристодани намояндаи расмӣ ё дипломатӣ ба ин мусобиқа ба маънои он хоҳад буд, ки мо нисбат ба амалкардҳои Чин дар нақзи ҳуқуқи башар ва ҷиноятҳо дар Шинҷон, бетафовут ҳастем ва бархурди оддӣ дорем, дар ҳоле ки чунин нест".

Хонум Псаки аммо дар айни ҳол таъкид кард, таҳрими дипломатии ин бозиҳо, ки шуморе аз аъзои Конгресси ИМА ва гурӯҳҳои пуштибони ҳуқуқи башар аз моҳҳо қабл дар пайи он буданд, таъсире ба ҳузури варзишгарони амрикоӣ нахоҳад дошт. Вай изҳор дошт, "варзишгарони дастаи ИМА аз ҳимояти комили мо бархӯрдор ҳастанд. Мо сад дар сад пуштибони онҳо ҳастем ва аз хона ташвиқашон мекунем".

XS
SM
MD
LG