Баргузории "TikTok Fest" дар Узбекистон, ки қарор буд дар он блогерҳои рус ва украинӣ иштирок кунанд, манъ карда шуд.
Нашрияи "Новости Узбекистана" бо истинод ба созмондиҳандагони фестивал дар ин бора хабар дода, афзудааст, ки пули билетҳои фурӯхташуда баргардонида мешавад.
Вазорати фарҳанги Узбекистон дар шарҳи қарори манъи баргузории чорабинӣ гуфтааст, "TikTok Fest" интиқодҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, ба фаҳмиш ва ҷаҳонбинии ҷавонони он кишвар таъсири манфӣ мегузорад".
Иҷозати баргузории фестивалро Вазорати умури дохилии Узбекистон ва мақомоти маҳаллӣ медиҳанд. Вале Вазорати фарҳанги Узбекистон қотеъона дастур додааст, ки сатҳ, муҳтаво, идеяи барномаро "таҳлил карда", хулосаи ниҳоии худро бароранд.
"TikTok Fest" мебоист 25 декабр дар шаҳри Тошканд бо иштироки 12 500 бинанда баргузор шавад. Интизор мерафт дар он блогер ва навозандаҳои русу украин – Даня Милохин, Артур Бабич, Егор Шип, Анет Сай, Ваня Дмитриенко ва Аня Покров иштирок кунанд.