Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кӯли Сарез шабакаи дидбонии кайҳонии Чин ба кор даромад


Акс аз маҷаллаи Академияи илмҳои Чин. 8 октябри соли 2021
Акс аз маҷаллаи Академияи илмҳои Чин. 8 октябри соли 2021

Академияи илмҳои Чин эълом дошт, ки якҷоя бо Академияи илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва дигар воҳидҳо Истгоҳи дидбонии сарбанди кӯли Сарезро дар Тоҷикистон ба кор даровард. Ин ниҳод аз чаҳор бахш иборат буда, ҳама гуна дигаргуниҳои сарбанди Сарезро дар сатҳи миллиметрӣ ба воситаи моҳвора хабар медиҳад. Он аз нерӯи офтоб барқ мегирад ва яке аз навтарин дастовардҳои технологии Чин дар хориҷ аз он кишвар шумурда мешавад.

Дар хабари расонаҳои Чин гуфта намешавад, ин маълумот ба воситаи моҳвора ба кадом ниҳодҳои кадом кишвар расонда мешавад, вале омадааст, ки шабакаи нави кайҳонӣ ба барномаи байнулмилалии "Як камарбанд, як роҳ" хидмат ва бехатарии Тоҷикистону кишварҳои поёнобро аз рахнаи эҳтимолӣ дар сарбанди Сарез дидбонӣ хоҳад кард.

Пештар мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимоли насби таҷҳизоти нави дидбонии кӯли Сарез хабар дода буданд, вале нагуфтаанд, ки ин шабакаро Чин месозад. Моҳи июли имсол муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Иброҳимзода, гуфта буд, "дастгоҳҳои нав сад маротиба беҳтар буда", бо сармояи Бонки Осиёии Рушд аз сӯи як ширкати итолиёӣ сохта шудаанд.

Нашрияи Академияи илмҳои Чин мегӯяд, Маркази тадқиқоти экологии Осиёи Марказӣ дар ин академия даҳ соли охир ба тарҳрезӣ ва сохтани системаи огоҳкунандаи Сарез машғул буд ва моҳи октябри имсол тарҳро ба поён расонд. Онро хадамоти чинии Beidou сохтааст, ки ба дидбонии уствуории пулу роҳҳо, партовгоҳҳо, кӯҳпораҳои сарироҳӣ, бино ва сарбандҳо машғул аст.

Кӯли Сарез соли 1911 бар асари ярч ё кӯчидани кӯҳ миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, ҳудуди 17 миллиард метри мукааб об дорад. Коршиносон мегӯянд, ки дар сурати рахна дидани кӯли Сарез, на танҳо сокинони рустоҳои Бадахшони Тоҷикистон, балки сокинони дигар кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо хатар рӯ ба рӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG