Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои назорати сарбанди кӯли Сарез дастгоҳҳои нав насб мекунад


Кӯли Сарез, акс аз кайҳон. NASA
Кӯли Сарез, акс аз кайҳон. NASA

Тоҷикистон дар кӯли Сарез низоми нави огоҳсозӣ аз хатарро насб карданист, ки ба иттилои мақомот, арзиши он беш аз як миллион доллар аст.

Эмомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл гуфт, ки "дастгоҳҳои низоми нави маниторинг ва огоҳсозӣ моҳи август дар кӯли Сарез насб хоҳанд шуд."

Ба қавли ӯ, дастгоҳҳои низоми нав бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд аз сӯи як ширкти итолиёвӣ дастрас шудааст. Насби дастгоҳҳо дар доираи тарҳи миллӣ оид ба мудирияти хатари фалокатҳои ногаҳонӣ, ки Бонки Осиёии Рушд онро маблағгузорӣ мекунад, сурат мегирад.

"Қаблан ҳам дастгоҳҳо буданд, вале ин дастгоҳҳо сад маротиба аз онҳо беҳтар аст, дар як муддати кутоҳ, мардумро аз фалокат, огоҳ мезозад",-афзуд, Эмомалӣ Иброҳимзода.

Кӯли Сарез соли 1911 бар асари кӯчиши кӯҳ миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби имрӯз ба вуҷуд омада, ҳудуди 17 миллиард метри мукааб об дорад. Мутахассисон мегӯянд, ки дар сурати рахнашавии оби Сарез, на танҳо сокинони рустоҳои Бадахшони Тоҷикистон, балки сокинони дигар кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ низ бо хатар рӯ ба рӯ мешаванд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG