Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Озарбойҷон хост, латукӯби "ваҳшатнок"-и мухолифинро санҷад


Тазоҳурот. Боку, 1-уми декабри 2021
Тазоҳурот. Боку, 1-уми декабри 2021

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз Озарбойҷон хостааст, қазияи бо хушунат пароканда кардани тазоҳуроти осоишта дар Боку ва латукӯби "ваҳшатнок"-и як сиёсатмадор ва овозхони мухолифи давлатро "беғаразона ва ҳамаҷониба" таҳқиқ кунад.

Иштирокдорони гирдиҳамоии 1-уми декабр дар пойтахти Озарбойҷон озодии як фаъоли мухолиф Солеҳ Рустамлиро талаб карданд. Ӯ бо гуноҳи “шустушӯи пул” ҳафт сол аз озодӣ маҳрум аст. Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳукми Рустамлиро “сохта” номид. Худаш гуруснанишинӣ эълон кардааст.

Георги Гогия, ёвари мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, 3-юми декабр дар баёнияе гуфт, "мақомоти Озарбойҷон бори дигар ҳуқуқи мардумро барои баргузории тазоҳуроти осоишта бешармона таҳқир карданд. Онҳо барои пахши мухолифат аз зӯроварӣ истифода намуданд."

Сафорати Амрико дар Боку рӯзи 2-юми декабр дар Твиттер аз хушунат ба зидди тазоҳургарон изҳори нигаронии амиқ кард. Масъулони сафорат гуфтанд, аз "гирдиҳамоии осоишта ва озодии баён, ки дар Қонуни асосии Озарбойҷон зикр шудааст", пуштибонӣ мекунанд.

Дар миёни шахсоне, ки дар тазоҳуроти рӯзи 1-уми декабр дастгир шуданд, узви Ҳизби мухолифи "Мусовот", Тавфиқ Яъқублу, низ ҳаст. Ӯ захмҳои зиёде бардоштааст.

Яъқублуи 60-сола гуфтааст, пулис ҳангоми наворбардорӣ ӯро сахт зад ва хост, дар назди дурбин бигӯяд, ки танқиди раҳбарияти Озарбойҷонро бас мекунад.

"Бархурди ваҳшатнок бо Яъқублу ҳамла ба шахс ва ҳам ба ҳуқуқи гирдиҳамоии осоишта буд," -- гуфт Гогия ва илова кард: "Мақомот бояд тафтишоти беғаразонаро таъмин кунанд ва масъулонро ба ҷавобгарӣ кашанд."

Ҳукумати Озарбойҷон солҳо боз ба поймол кардани ҳуқуқи башар, аз ҷумла шиканҷа ва боздоштҳои худсарона, танқид мешавад.

XS
SM
MD
LG