Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Резников Русияро ба омодагӣ барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Украина муттаҳам кард


Алексей Резников
Алексей Резников

Алексей Резников, вазири мудофиаи Украина, мақомоти Русияро муттаҳам кард, ки бо ҷо ба ҷо кардани беш аз 94 ҳазор сарбоз дар наздикии марзи ин кишвар ба амалиёти низомии густардаи эҳтимолӣ омода мешаванд.

Ӯ рӯзи 3-юми декабр дар порлумони Украина гуфт, Киев ба танишҳо дар минтақа доман нахоҳад зад, аммо агар лозим бошад, мубориза хоҳад кард.

Резников афзуд, истихбороти Украина сенарияҳои эҳтимолиро баррасӣ мекунад ва ҳамзамон гуфт, Киев алоқаманди ҳалли сиёсӣ ва дипломатии масъалаҳост.

Гузоришҳо дар мавриди тақвияти ҳузури низомии Русия дар марзи Украина дар ҳафтаҳои охир сабаб шудааст, то Иёлоти Муттаҳида ва чанд муттафиқаш дар НАТО ба пуштибонии худ аз истиқлолу тамомияти арзии Украина таъкид кунанд.

Маскав гуфтааст, қасди иқдоми низомие алайҳи Украина надорад. Ҳукумати Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол карда, ба бахше аз қаламрави худ табдил додааст.

XS
SM
MD
LG