Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё-Уқёнус


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё-Уқёнус миёни навҷавонон, ки рӯзҳои 4-5-уми декабр дар пойтахти Лубнон - шаҳри Бейрут - баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар ин мусобиқа 127 варзишгар (84 писар ва 43 духтар) аз 17 кишвар иштирок хоҳанд кард.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд, ки дар сабқати мардон ширкат меварзанд: Хурсандқул Куганов, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни -66 кг), Муҳаммадиқбол Тошов, Масъуди Аҳмадзод (ҳарду дар вазни -73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Шодмон Ризоев (ҳарду дар вазни -81 кг), Раҳматулло Мирзоев (-90 кг), Мансур Раҳмон (-100 кг), Давлатҷон Назриев (+100 кг).

Ҳамчунин дар Бейрут рӯзҳои 2-3-юми декабр мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё-Уқёнус миёни наврасон баргузор мешавад. Тоҷикистонро 7 нафар (6 писар ва як духтар) намояндагӣ мекунанд: -50 кг - Ҷасур Лутфишоев, -60 кг - Сируш Эркаев, -66 кг - Муҳаммад Юсуфзода, -73 кг - Суннатулло Мӯсоев, -90 кг - Сомонӣ Кишваров, +9 0 кг - Парвиз Абдураҳмонов ва дар рақобатҳо миёни духтарон Меҳрона Маҳмадзода дар вазни -52 кг.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё-Уқёнус миёни бузургсолон, ки моҳи апрели имсол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир гардид, паҳлавонони тоҷик се медал ба даст оварданд. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило медали нуқра гирифт. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG