Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Толибон беш аз 100 пулис ва корманди амниятии ҳукумати пешинро куштаанд


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо нашри гузорише эълон кард, ки ҳукумати Толибон, бо вуҷуди авфи умумӣ, танҳо дар чаҳор вилоят беш аз 100 пулис ё кормандони амниятии ҳукумати пешини Афғонистонро куштаанд ва ё рабудаанд. Ин гузориши 25-саҳифаӣ дар вебсайти Дидбони Ҳуқуқи Башар нашр шуд.

Ин ниҳоди мудофеъ аз ҳуқуқи башар мегӯяд, аз 15-уми август то поёни моҳи октябр санадҳои муътабаре дар бораи кушта шудани 47 нерӯи низомӣ, пулис ва нерӯҳои амниятии пешини Афғонистон ба дасти Толибон ҷамъоварӣ шудааст. Шумораи кушташудаҳо ё шахсони нопадидшуда танҳо дар вилоятҳои Ғазнӣ, Ҳилманд, Қандаҳор ва Кундуз беш аз сад нафар аст.

Мудири бахши Осиё дар созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, "эъломи афви умумии раҳбарони Толибон монеъ аз куштан ва нопадидсозии маҷбурии нерӯҳои амниятии пешини давлати Афғонистон нашудааст. Масъулияти ин кор бар уҳдаи Толибон аст, то аз кушторҳои бештар пешгирӣ кунад. Омилонро бозпурсӣ кунад ва ба хонаводаҳои қурбониён ҷуброн пардозад."

Ин созмон бо 40 тан ба сурати ҳузурӣ ва бо 27 тан ба таври телефонӣ ба унвони шоҳидон, аъзои хонавода ва дустони қурбониён, ҳамчунин мақомоти пешин, хабарнигорон, кормандони соҳаи тиб ва аъзои Толибон мусоҳиба карда ва як фармондеҳи Толибон гуфтааст, касоне, ки (нерӯҳои низомӣ ва амниятии пешин) ҷиноят содир кардаанд, наметавонанд мавриди афв қарор гиранд.

Ин гузориш мегӯяд, раҳбарони Толибон аз нерӯҳои амниятии таслимшуда хоста буд, ки бо сабти ном ва дарёфти нома, амнияти худро тазмин кунанд, аммо вуҷуди ҳамин руйхат боис шудааст, ки нерӯҳои Толибон баъдан ба суроғи онҳо рафта, боздошт, нопадид ё ба қатл расонанд.

Бар асоси гузоришҳо, Толибон ҳамчунин ба хазинаи маълумот дар бораи кормандони ҳукумати пешин дастрасӣ пайдо кардаанд ва аз ин маълумот барои шиносоӣ ва боздошту қатли афрод истифода кардааст.

Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, дар як маврид аъзои Толион ба манзили "Бозмуҳаммад" аз нерӯҳои амниятии пешин рафта ва вайро боздошт карда ва баъдан хонаводаи ин фард ҷасадашро пайдо кардаанд.

Ин гузориш мегӯяд, Толибон ҳамчунин бо амалиёти ҷустуҷӯ, аз ҷумла юришҳои шабона, мақомоти ҳукумати пешинро боздошт ва ё нопадид кардааст.

Як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин ниҳоди байналмилалӣ гуфтааст, юриши шабонаи Толибон "ваҳшатнок" аст. Онҳо қурбониёнро шабона нопадид мекунанд ва хонаводаи қурбониён ҷуръати таъйид ё хабар додан аз моҷароро надоранд ва ҳатто наметавонанд суол кунанд, ки қурбонӣ куҷо бурда шудааст.

Ин гузориш ҳамчунин аз озор ва азияти аъзои хонаводаи касоне, ки таҳти таъқиби Толибон ҳастанд, хабар дода ва гуфтааст, бархе аз ин афрод ба зиндон бурда шуда ва ҳатто кушта мешаванд.

Ин гузориш ба мавриди дигаре дар Ҳилманд ишора карда ва мегӯяд, Абдурозиқ - як афсари собиқи маҳалӣ баъд аз таслим шудан нопадид шуд ва хонаводаи вай намедонанд оё Абдурозиқ зинда ҳаст ё не.

Бар асоси гузориш, 21-уми сентябр Толибон аз ташкили як комиссия барои таҳқиқ дар бораи нақзи ҳуқуқи башар хабар дод, аммо ин комиссия ҳеҷ гузорише дар бораи таҳқиқоти худ роҷеъ ба қатлҳо, одамдуздиҳо ва мавридҳои дигар нашр накардааст.

Дидбони ҳуқуқин башар ҳамчунин мегӯяд, 21-уми ноябр Толибон ба ин ниҳод гуфтааст, афроде, ки дар нақзи ҳуқуқи башар даст доштаанд, барканор шудаанд. Аммо маълумоти боварибахш дар бораи тасдиқи ин иддаои онҳо вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG