Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австрия 15 қочоқчии инсонро боздошт кард


Муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар сарҳади Полшаву Беларус
Муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар сарҳади Полшаву Беларус

Мақомоти Австрия як гурӯҳи қочоқчиёни инсонро ошкор карданд, ки дар интиқоли ғайриқонунии садҳо муҳоҷирон тавассути хоки Балкан ба Аврупо гунаҳгор мешаванд. Полис дар вилояти Австрияи поёнӣ хабар дод, ки дар чанд рӯзи гузашта 15 нафарро бо гумони қочоқи инсон боздошт карданд ва инҳо шаҳрвандони Молдова, Украина ва Узбекистон мебошанд. Полис гуфт, ки ба иттилои пешакӣ, ин гурӯҳ мардумро аз сарҳадҳои Сербияву Венгрия баъдан тавассути Словакия ба Ҷумҳурии Чех ва Австрия интиқол медод. Аксари муҳоҷирони ғайриқонунӣ шаҳрвандони Лубнон, Миср ва Сурия мебошанд. Бисёри онҳо бо мақсади ба Олмон расидан вориди Аврупо мешаванд. Полис гуфт, ки ин шабакаи азими қочоқчиён 700 нафарро ба Аврупо ворид карда, аз ҳар як нафарашон аз 4 то 5 ҳазор евро пул гирифтааст. Даромади умуми ин гурӯҳ 2,5 миллион евроро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG