Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Чех, ки ба COVID олуда шудааст, аз хонаи шишаӣ нахуствазири навро таъин кард


Петр Фиала нахуствазири нави Ҷумҳурии Чех шуд
Петр Фиала нахуствазири нави Ҷумҳурии Чех шуд

Дар Ҷумҳурии Чех маросими таъини нахуствазири нав барпо шуд. Рӯзи якшанбе, 28-уми ноябр президенти ин кишвар Милош Земанро, ки чанд рӯз пеш ба COVID-19 олуда шуд, ба маросим оварданд. Земан дар маросими таъини нахуствазири нави Ҷумҳурии Чех Петр Фиала иштирок кард. Земан, ки давоми шаш ҳафтаи пеш аз ин дар беморхона аз дардҳои дигар муолиҷа гирифтааст, ба коронавирус мубтало шуд. Ӯро дар маросими таъини нахуствазир дохили як қуттӣ ё хонаи шишаӣ савори аробача нигоҳ доштанд. Ба маросими таъини сарвазири нави кишвар ӯро тими кормандони тиббӣ бо риояи тамоми меъёрҳои бехатарии тиббӣ оварда буданд. Фиала эътилофи панҷ ҳизби марказ ва ростгарои оппозитсиониро раҳбарӣ мекунад. Ӯ дар интихоботи моҳи октябри имсол бар нахуствазир Андрей Бабиш ва эътилофи ӯ пирӯз шуд. Мубориза бо мавҷи нави коронавирус, ки ба мушкили рақами яки беморхонаҳо табдил шудааст ва ҳам муқобила бо бӯҳрони энержӣ аз вазифаҳои асосии ҳукумати Фиала хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG