Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон, Озарбойҷон ва Эрон созишномаи калони газро имзо карданд


Се кишвари соҳили баҳри Каспий ё Хазар созишномаи калони газро имзо карданд. Матбуоти Эрон хабар дод, ки дар ҳошияи ҳамоиши иқтисодие, ки дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор шуд, рӯзи 28-уми ноябр Эрон, Озарбойҷон ва Туркманистон созишномаи интиқоли 2 миллиард метри кубӣ газро дар як сол имзо карданд. Ҷавод Авҷӣ, вазири нафти Эрон ба матбуоти кишвараш гуфтааст, ки бар асоси ин созишнома, Эрон аз Туркманистон гази табиӣ дарёфт мекунад ва ҳамин миқдор газро ба Озарбойҷон медиҳад. Вазири нафти Эрон ба журналистон гуфтааст, ки бар асоси созишномаи сеҷониба, Туркманистон ҳамарӯза 5 то 6 миллион метри кубӣ газро ба Озарбойҷон медиҳад.

Авҷӣ инчунин гуфт, ки Эрон дар талоши ҳал кардани як баҳси дарозмуддати қарзи газ бо Туркманистон аст. Соли 2016 Ишқобод иддао кард, ки Эрон барои гази аз Туркманистон ба даст овардааш 1,5 миллиард доллар қарздор аст. Эрон бо ин омор розӣ нашуд. Вазири эронӣ гуфт, ки кишвараш базудӣ ба Туркманистон бахши аввали қарзашро бармегардонад.

XS
SM
MD
LG