Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даст ба киса бурдан чӣ маъно дошт? Баҳси ришвагирӣ дар марз бо Узбекистон. ВИДЕО


Гузаргоҳи Фотеҳобод-Ойбек дар марзи Тоҷикистон бо Узбекистон

Пас аз як ҳафтаи нашри хабар дар расонаи узбекии Kun.uz дар бораи мавридҳои тамаъҷӯӣ дар марз бо кишварҳои ҳамсояи Узбекистон, табибе, ки ҳамчун тамаъкор аз гузаргоҳи Фотеҳободи Тоҷикистон нишон дода шуда буд, розӣ шуд асли воқеаро ба Радиои Озодӣ шарҳ диҳад.

Абдулҳамид Иброҳимов, табиби маркази беҳдоштии ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, рӯзи 14-уми октябри имсол ҳангоми навбатдории вай дар гузаргоҳ ин воқеа рух додааст ва аз ягон мусофире барои гузаштан аз марз пул талаб накардааст.

Нос ё пул?

Дар наворе дида мешавад, ки табиби тоҷик дасташро ба кисааш меандозад ва муллифи навор гуфтааст, ӯ пул гирифтааст.

“Ман нос мекашам ва ҳамон лаҳзаи наворгирӣ одамони гуногун меомаданд, асабам монда шуду нос кашидам. Пасон носро ба кисаи қафоям неву ба кисаи паҳлӯ гузоштам, ки инро мисле пул дар дастам бошад, сабт кардаанд. Ин ҳамаш дар ҳаққи ман тӯҳмат аст”,--гуфт ӯ.

Иброҳимов ин наворро амали барқасдона мепиндорад. Ба иддаои вай баҳсҳои чандинкаратаи Ӯ бо табибони гузаргоҳи Ойбеки Узбекистон боис ба ин сабти сохтакорона ва бадномкунанда шудааст.

Ӯ гуфт: “Ман чанд маротиба назди табибони узбек мерафтам, ки мусофирони мо дар баробари доштани варақаи тиббии КОВИД-19 аз дармонгоҳҳои “Диамед”, “Луқмони Ҳаким” ва Маркази беҳдоштии вилоятӣ ба инобат гирифта намешаванд. Онҳоро бисёр рафтани ман нороҳат карда ва нисбати ман ҳамин амали бадномкуниро раво дидаанд. Шукри Худо ман ҳеҷгоҳ ба давлату мардуми худам хиёнату ноҳурматӣ накардаам”.

Шикояти шаҳрвандони ва баёноти табиб

Шаҳрвандони Узбекистон, ки аз марзи Тоҷикистон гузаштанд, дар навор нақл карданд, ки марзбонони тоҷик онҳоро се соат дар хатти байн мунтазир нигоҳ дошта, аз ҳар нафар 150 -200 cомонӣ талаб намудаанд. Ҳамчун намунаи ҳақситонӣ дар навор даст ба ҷайб бурдани табиб Абдулҳамид Иброҳимовро аз гузаргоҳ намоиш дода ва гуфтаанд, ки барои гузаштан 200 сомонӣ пардохтаанд.

Ин наворро додситонӣ тафтиш кардааст.

“Вақте навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, як корманди додситонии ҳарбӣ омада аз ман баёнот гирифт. Ба ҳамаи саволҳои ӯ посух гуфтам ва асли масъаларо фаҳмонидам. Вай дар ҷавоб гуфт, ки доктор ин ҳеч чӣ нест ва як туҳмат дар ҳаққи шумост”,--гуфт Абдулҳамид Иброҳимов.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Табиби тоҷик чаро дасташро ба киса бурд? Баҳси ришвагирӣ дар марз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00

Табиб мегӯяд, нисбати ӯ мақомоти қудратии Тоҷикистон парванда боз накардаанд ва корашро дар сафи кормандони Раёсати тандурустӣ давом медиҳад. Чанд манбаъ аз мақомоти интизомӣ ин гуфтаҳои табибро тасдиқ карданд. Ба қавли масъулони раёсати тандурустӣ, ҳарчанд нисбати Иброҳимов иттиҳоме тасдиқи худро наёфтааст, вале номи ӯро аз руйхати табибони навбатдор дар гузаргоҳ ҳазф кардаанд.

Алиҷон Наимов, сардори бунгоҳҳои тиббӣ дар гузаргоҳҳои вилояти Суғд гуфт, ки дигар Иброҳимов бо онҳо кор намекунад.

Сафар пас аз кам шудани гирифторони коронавирус

Дар пайи коҳиши бемории ҳамагир рафту омад байни Тоҷикистону Узбекистон зиёдтар гардид ва мусофирон мегӯянд, аз гузаргоҳи Фотеҳобод дар шимоли кишвар бидуни иҷозатномаи махсус ҳаққи гузаштан доранд. Чанд рӯз қабл ҳаракати автобусҳои ду ҷониб низ пас аз якунимсоли таваққуф аз сар гирифта шуд. Вале дар ҳамин ҳол бархе расонаҳои узбекӣ дар бораи мавридҳои тамаъҷӯӣ дар марз хабар додаанд. Хабарнигори нашрияи Kun.uz, ки аз нуқтаҳои марзӣ бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дидан кардааст, мегӯяд, ҳақситонии аз ҳама баланд дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”- и Тоҷикистон бо “Ойбек” -и Узбекистон мушоҳида мешавад.

Мақомоти тоҷик то кунун дар робита ба ин хабари расонаи узбекистонӣ вокуниш нишон надодаанд. Мо барои шиносоии вазъ ба гузаргоҳи Фотеҳобод дар ноҳияи Масчоҳ ва гузаргоҳи Пахтаобод дар шаҳри Турсунзода сафар кардем ва бо чанде аз мусофирон ҳамсӯҳбат шудем.

Мусофирон чӣ мегӯянд?

Онҳо гуфтанд, ки ҳоло вазъ хуб аст ва ҳеҷ мушкиле ҳангоми убури марз надоранд. Хайрулло Отақузиев, шаҳрванди Узбекистон гуфт: “Аз марз нағз гузаштем, вале пештар инхел набуд. Бо ҳар баҳона моро мегардонданд. Ман шиносномаи хориҷӣ доштам, вале иҷозат намедоданд”.

Ба фарқ аз гузаргоҳи Фотеҳобод тавассути гузаргоҳи Пахтаобод мусофирон наметавонанд бе иҷозатномаи махсус гузаранд. Онҳо мегӯянд, аз ин гузаргоҳ на ҳама кас метавонад гузарад.

Пардабой Ҷӯраев, сокини Қубодиён гуфт, мехоҳад ба тӯи хешаш ба Узбекистон равад, вале марзро гузашта наметавонад.

Ба гуфтаи сокинон ҳоло низ ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ бо Узбекистон кушода нашудааст. Ҳудуди 10 нуқтаи гузаргоҳ дар вилояти Суғд мавҷуд аст, ки дар дохили якчанд ноҳияҳои марзӣ воқеъ аст. Онҳо мегӯянд, барои аз як ноҳияи дурдаст ба ин гузаргоҳ омадан хароҷоти зиёд мекунанд.

Видео аз лаҳзаи пулситонӣ

Ҳафтаи гузашта як корбари Радиои Озодӣ бо ирсоли видео аз пулситонии марзбонон дар гузаргоҳи Дустӣ изҳори норизоиятӣ карда буд.

Моҳи августи имсол дар пайи шикоятҳои пайиҳами мусофирон аз "ҳақситонӣ" дар гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон, раиси бахши марзбонии гузаргоҳи мазкур ва муовинонаш аз мансаб барканор шудаанд.

Ба сабаби боло будани нархи билети ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия аксар муҳоҷирон моҳҳои охир Узбекистонро ҳамчун кишвари транзитӣ истифода мебаранд.

Ба сабаби густариши бемории ҳамагир моҳи марти соли 2020 гузаргоҳҳои сарҳадиро бастанд ва шаҳрвандони Тоҷикистон бо иҷозаи вижа метавонистанд, тавассути роҳи заминӣ ба Узбекистон гузаранд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG