Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роҳ бастааст", вале як ширкати сайёҳии Тоҷикистон барои сафар ба Узбекистон иҷоза гирифт


Гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон
Гузаргоҳи "Фотеҳобод" дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон

Як ширкати сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои бурдану овардани ҷаҳонгардон ба Узбекистон тавассути роҳи заминӣ иҷоза гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ба сабаби пандемияи коронавирус сарҳади миёни Тоҷикистону Узбекистон пурра боз нашудааст.

Масъулони ширкати "Матин Тревел" гуфтанд, сайёҳонро ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро мебаранд ва барои ин кор аз Ситоди мубориза бо коронавирус иҷоза гирифтанд.

"Дар ҳақиқат, сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон ба таври озод кушода нест. Новобаста аз ин, дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва мақомоти дигари дахлдор тавассути мактубҳои расмӣ заминаи ҳуқуқии ин сафарро ташкил кардем", -- гуфт Муҳсиддин Маликов, мудири ширкати "Матин Тревел" рӯзи 7-уми октябр.

Ҳамчунин, бо манзури пандемияи коронавирус ширкати "Матин Тревел" масъулияти аз сайёҳон гирифтани намунаи озмоиш аз бемории коронавирусро дар марзи Узбекистон ба уҳда дорад. Ҳоло дар сафари нахустин 15 сайёҳ ба Самарқанду Бухоро хоҳанд рафт.

Ширкати тоҷикӣ муҷаввизи танзими сайёҳат ба Узбекистонро пайдо кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Ин дар ҳолест, ки имсол сокинон дар гузаргоҳи марзии "Фотеҳобод" бо Узбекистон шикоят карданд, ки барои убури марз аз онҳо "ҳақ" меситонанд. Дар пайи расонаӣ шудани шикоят, масъулони гузаргоҳи марзии "Фотеҳобод"-ро иваз карданд.

Дар ду соли охир бо иллати ҳамагири коронавирус сафари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ва баръакс сайёҳони тоҷик ба хориҷа кам шудааст. Ба иттилои расмӣ, соли гузашта 330 ҳазор сайёҳи тоҷик ва Узбекистон рафта, 237 ҳазор сайёҳи узбекистонӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

XS
SM
MD
LG