Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷаммӯи садҳо кас дар Фотеҳобод (Ойбек). Мардум хоҳони боз шудани роҳи заминӣ ба Узбекистон ҳастанд. ВИДЕО


Баъзе аз сокинон гуфтанд, чанд рӯз боз мунтазири гузаштан аз сарҳад ҳастанд
Баъзе аз сокинон гуфтанд, чанд рӯз боз мунтазири гузаштан аз сарҳад ҳастанд

Садҳо нафар рӯзи 28-уми июл дар гузаргоҳи Фотеҳобод (Ойбек), марзи Тоҷикистону Узбекистон, ҷамъ омада, хоҳони гузаштан аз сарҳад шуданд. Иддае аз онҳо гуфтанд, ки тавассути Узбекистон ба Русия рафтанӣ ҳастанд ва агар таъхир кунанд, ба қавли шаҳрванд Доро Ҳоҷиматов, билеташон "месӯзад".

Баъди баста шудани марзи Қирғизистон, Узбекистон ягона роҳи осону арзони расидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия будааст.

Мақомот масъаларо расман шарҳ надоданд, аммо ба сокинон гуфтаанд, сарҳад бастаасту барои гузаштан аз он иҷоза ё даъвати расмӣ аз Узбекистон зарур аст. Ин дар ҳолест, ки ба иддаои баъзе аз хоҳишмандони убури сарҳад, "то кунун гуруҳе бидуни ҳеч санад аз марз гузаштанд".

Яке аз занҳо рӯзи 28-уми июл даъво кард, ки "200 сомонӣ нафақа мегирам, аз куҷо ба инҳо ҳазор сомонӣ ёбам? Дар соя нишаста пул карда истодаанд. Шавҳар надорам, як худам зиндагӣ мекунам."

Гузаргоҳи Фотеҳобод, 28-уми июли 2021
Гузаргоҳи Фотеҳобод, 28-уми июли 2021

Мусофири дигар, Доро Ҳоҷиматов, гуфт, "сафари мо ба субҳ муқаррар шудааст. Бо пули қарз билет харидем. Инҳо барои гузаштани марз на "ҳа" мегӯянд, на "не". Шунидем, ки баъзеҳоро бо пул гузаронида истодаанд, ба 1300 сомонӣ."

Тасдиқи дурустии ин иддао мушкил аст. Бар илова, мақомот расман вазъиятро шарҳ намедиҳанд.

Аммо аз ин пеш чандин корбари Радиои Озодӣ низ дар бораи мушкили гузаштан аз сарҳади Тоҷикистон шикоят карда буданд. Онҳо гуфтанд, ҳангоми рафтан ба Русия ё баргаштан аз онҷо "убури марзи Узбекистон осон аст", аммо дар сарҳади Тоҷикистон "банд мемонанд".

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро мусофирони тоҷик наметавонанд озодона ба Узбекистон сафар кунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Сокинон умед доштанд, ки пас аз сафари Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон, дар моҳи июни имсол гузаргоҳҳо боз шуда, сафарашон ба кишвари ҳамсоя осон мешавад. Аммо ҳанӯз гузаргоҳҳои сарҳадӣ бастаанд ва танҳо шумораи ками шаҳрвандон тавассути ҳавопаймо имкони сафар ба кишвари ҳамсояро доранд.

Пас аз сард шудани равобит бо Қирғизистон ва баста шудани сарҳади он кишвар, дар ҳоли ҳозир Узбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон ягона роҳи осону арзони расидан ба Русия будааст.

Яке аз мусофирон гуфт, "мо ҳам намехоҳем, дар гармӣ ба инҷо биёем. Барои як бурда нон ва пулкоркунӣ рафта истодаем. Ба Русия меравем. Ҳеҷ гап нест, моро сар диҳанд. Сарҳадбонҳои Узбекистон моро мегузаронанд, чаро марзбонони худамон иҷозат намедиҳанд?"

Масъулони сарҳадбонӣ дар ин бора омода нашуданд, ба мо шарҳ диҳанд, вале аз рӯи қоидаҳои қаблӣ ҳанӯз ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон имкон надоранд, бе иҷозати вижа тавассути роҳи заминӣ ба Узбекистон бираванд.

Гузаргоҳи Фотеҳобод, 28-уми июли 2021
Гузаргоҳи Фотеҳобод, 28-уми июли 2021

Ҳоло танҳо онҳое ба Узбекистон даромада метавонанд, ки шаҳрванди Русия ҳастанд ё барояшон иҷозатномаи гузаштанро додаанд. Фения, шаҳрванди Тоҷикистон, гуфт, “вақте пурсидам, дар ҷавоб гуфтанд, ҳоло карантин аст, иҷозат намедиҳем."

Бо оғози ҳамагирии коронавируси нав дар моҳи марти соли гузашта Узбекистону Тоҷикистон марзҳои худро бастанд. Бо коҳиши беморӣ борҳо аз эҳтимоли боз шудани марзҳо сухан рафт, вале масъала ҳал нашуд. Рӯзи 11-уми июни имсол дар Хуҷанд низ раҳбарони ду кишвар дар ин бора ба таври рӯшан чизе нагуфтанд.

Дар ҳамин ҳол, мошинҳои борбар, ки ронандагонашон сокинони Тоҷикистон ҳастанд, бе мушкил аз марз гузашта, вориди Узбекистон мешаванд. Роҳи ҳавоӣ байни ду кишвар кушода аст, вале мардум мегӯянд, на ҳама мошини борбар ва имкони харидани билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошкандро доранд.

Гузаргоҳи Фотеҳобод, 28-уми июли 2021
Гузаргоҳи Фотеҳобод, 28-уми июли 2021
XS
SM
MD
LG