Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷик мансабдоронро танқид карданд. Раис: "Аз мавзуъ дур наравед" ВИДЕО


Вакилони мардумӣ мегӯянд, мансабдорон ба дархостҳояшон таваҷҷӯҳ надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

"Амирхон Исҳоқӣ (муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон) баъди 52 рӯзи дархости вакилӣ дар як варақ ҷавоб менависад, ки фалон, фалон, фалон ба суди ноҳия муроҷиат кунед."

Саидҷаъфар Усмонзода, узви Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, бо баёни ин ҷумла изҳори нигаронӣ кард, ки ба Додгоҳи олӣ дархости вакилӣ фиристод, аммо бо таъхир ҷавоб гирифт. Он ҳам нопурра.

"Ҷонишини раиси Суди олӣ аҳамият намедиҳад, ки барои чӣ вакил дархост равон кардааст. Ман мехостам, Суди олӣ бештар аҳамият диҳад, ки агар дархост сурат гирифт, пас, мушкилоте ҳаст," – гуфт Усмонзода дар ҷаласаи рӯзи 17-уми ноябр.

Аз намояндаи президент чӣ хосту чӣ шунид?

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон замоне ин масъаларо ба миён гузошт, ки дар порлумон муаррифии тарҳи тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ҷараён дошт. Бар асоси ин тағйирот ҷарима нисбати парасторон ё шахсони дигаре, ки дар таҳдиду зӯроварии кӯдакон даст доранд, аз 180- 300 сомонии ҳозира то 420 сомонӣ афзуд.

Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, дархости ӯ ба Додгоҳи олӣ дар пайванд ба масъалаи парасторон буд.

Дар ин ҷаласа намояндаи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳузур надошт. Усмонзода аз Зариф Ализода, намояндаи раисиҷумҳур дар Маҷлиси Намояндагон, хост, масъалаи муносибат ба дархостҳои вакилонро зери назарот гирад. Ӯ суханашро анҷом надода, раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, "аз мавзуъ дур наравед".

Рӯзи 17-уми ноябр аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба тамосҳои батакрори мо посух надоданд, то мавқеи онҳоро вобаста ба эроди вакили порлумон бифаҳмем. Дар гузашта, ҳангоми нишастҳои расмӣ, масъулони ин ниҳод таъкид доштаанд, ки ба муроҷиату дархостҳо сари вақт расидагӣ мекунанд.

Шикояти Азиззода аз вазири саноат

Вакили дигари порлумон, Ғайрат Азиззода, дар ҷаласаи рӯзи 17-уми ноябр аз талошҳояш барои тамос ё мулоқот бо вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон шиква кард. Ӯ хитоб ба Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, гуфт, "мо қариб 7-8 маротиба барои телефонӣ суҳбат кардан хоҳиш кардем. Ба қабулгоҳи вазир меравем, ки моро қабул кунад."

Шералӣ Кабир дар посух гуфт, "дар бораи қабули Шумо телефонӣ як бор гап задем. Мутаассифона, сабабҳои объективӣ, субъективӣ буданд. Сафарҳо бисёр буданд, ман фикр мекунам, мо албатта вақт пайдо карда, бо Шумо гуфтугузор мекунем."

Ғайрат Азиззода, вакили Маҷлиси намояндагон, дақиқан нагуфт, ки ба вазир чӣ гуфтан мехоҳад. Вале пеш аз он ки ин масъаларо ба миён гузорад, аз мушкили ба ихтиёри як соҳибкор гузоштани конҳои зиёд ва даст наёфтани баъзе аз соҳибкорон ба замин мегуфт.

"Вақте вазир ба вакил дастрас нест..."

Нигаронии вакилон аз дастнорас будани баъзе аз мансабдорон дар ҳолест, ки чунин мушкил борҳо аз забони сокинони одӣ ва рӯзноманигорон садо додааст.

Далери Имомалӣ, хабарнигори тоҷик, мегӯяд: "Вақте вазиру раис ба вакили порлумон дастрас нестанд, ин баёнгари он аст, ки вазир ва раис барои шаҳрванд ва журналист умуман дастрас нестанд."

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, мансабдорон ба муроҷиатҳои сокинони оддӣ то як моҳ ва ба хабарнигорон аз се то 15 рӯз бояд посух диҳанд. Меъёре, ки на ҳамеша дар Тоҷикистон риоя мешавад ва гоҳе бо вуҷуди фиристодани номаи расмӣ бар асоси талаби мансабдорон, ба пурсишҳо посух дарёфт намешавад.

XS
SM
MD
LG