Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, таҳаввулоти Афғонистон онҳоро ба тақвияти марзҳои ҷанубӣ водор кардааст


Владимир Путин
Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, таҳаввулоти Афғонистон Маскавро водор кардааст, ки дар марзҳои ҷанубии худ иқдомоти бештари амниятӣ рӯи даст бигирад.

Владимир Путин рӯзи 18-уми ноябр дар нишасти Вазорати корҳои хориҷии кишвараш дар Маскав гуфт, ба хотири ин таҳаввулот ниёз аст, Русия муҳофизат аз муттаҳидони худро дар Осиёи Марказӣ тақвият кунад. Ба навиштаи хабаргузории русии ТАСС, Путин дар идома гуфтааст, “ин чораҳо барои амнияти минтақа кумак хоҳад кард”.

Пеш аз ин, Тоҷикистон дар пайи ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон, дар мавриди хатарҳои эҳтимолӣ дар хати марзи худ бо Афғонистон ҳушдор дода буд.

Гуруҳи “Толибон” баъди як моҳи ба даст гирифтани қудрат дар Кобул дар мавриди ҷобаҷо кардани нерӯҳои вижаи худ дар шимоли Афғонистон, аз ҷумла вилояти Тахор, сухан гуфт ва дар мавриди фаъол сохтани нерӯҳои ҳавоии худ дар вилояти Кундуз хабар дод.

Дар солҳои охир Русия ҳам дар бораи фаъолиятҳои шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардааст. Аз замони ба қудрат расидани Толибон дар нимаи моҳи август, гурӯҳи ДОИШ масъулияти чанд ҳамларо дар ин кишвар ба уҳда гирифт.

Майкл Кугелман, масъули бахши Осиё дар Маркази таҳқиқоти Вилсон дар Вашингтон, дар суҳбат бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, ҳамлаҳои ахири ДОИШ собит кард, ки иддаои “Толибон” дар бораи таъмини саросарии амният дар Афғонистон, ғалат аст.

Ӯ гуфт, "ДОИШ метавонад, як мушкили калон барои Толибон бошад. Толибон баъд аз гирифтани қудрат мехостанд барои мардум паёми ошкор бифиристанд, ки ҷангро поён дода ва амниятро таъмин кардаанд. Аммо акнун, ки ДОИШ сар баланд кардааст ва ба масҷидҳо ва ҷойҳои дигар ҳамла мекунад, ба ин паёмҳои онҳо зарбаи шадид ворид мешавад".

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи “Толибон” мегӯяд, ки ҳукумати онҳо ДОИШ-ро як дарди сар мехонад, аммо ин гурӯҳ то ҳадди зиёд саркӯб шудааст.

“ДОИШ як дарди сар аст, вале таҳдиде шумурда намешавад, чун на ҳузури физикӣ дорад ва на ҳеч ҷое дар тасарруфи онҳост ва на ҳам ҷабҳае дорад. Ноаён баъзе ҷиноятҳоро анҷом медиҳад, ки иншоаллоҳ ҷилавгирии он осон аст. Садҳо нафарашон боздошт ва даҳҳо нафарашон аз байн бурда шудаанд”, -- афзуд ӯ.

Дебора Лайонс, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ дар Ню-Йорк гуфт, гурӯҳи ДОИШ дар тамоми вилояти Афғонистон ҳузур дорад ва фаъолияти худро густариш додааст.

“Толибон” дар рӯзҳои ахир дар мавриди амалиёти мухталиф ба марказҳои ДОИШ дар Кобул ва дигар вилоятҳо хабар дода, гуфтаанд, ки шумори зиёде аз афроди онро боздошт карда ва ҷустуҷӯ ҳануз идома дорад.

XS
SM
MD
LG