Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Гурҷистон дар 49-умин рӯзи гуруснашинӣ беҳуш шуд


Михаил Саакашвилӣ, президенти пешини Гурҷистон, ки гуруснашинӣ эълом кардааст, баъди дидор бо вакили дифоаш дар беморхонаи зиндон аз ҳуш рафт. Дар ин бора Бека Басилая, вакили мудофеи Саакашвилӣ хабар дод. Вай гуфт, баъди он кишвар Саакашвилӣ аз ҳуш рафт, ӯро бо занбар берун бурданд. Вакил дертар хабар дод, ки вазъи президенти пешин муътадил шудааст.

Саакашвилӣ аз 1-уми октябр гуруснашинӣ мекунад. Ибтидо вай талаб дошт, ки таъқиби ҷиноии ӯ қатъ карда шавад. Ҳоло талаб дорад, ӯро аз беморхонаи зиндон ба беморхонаи умумӣ баранд. Саакашвилӣ ҳангоми вуруд ба Гурҷистон боздошт шуд. Нисбати вай се парванда таҳқиқ мешавад.

Мухолифони Гурҷистон мегӯянд, парвандаҳои Саакашвилӣ ангезаи сиёсӣ доранд. Дар ҳимоят аз Саакашвилӣ 10 вакили порлумон ва яке аз роҳбарони ҳизби мухолифи "Ҳаракати ягонаи миллӣ" гуруснашинӣ эълом кардаанд.

Чанде аз сиёсатмадорони аврупоӣ ба озодии президенти пешини Гурҷистон даъват доранд. Барои озодии Саакашвилӣ президенти кунунии Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ бояд, қарори афвро имзо кунад. Аммо Зурабишвилӣ ба такрор гуфт, ки афвро имзо намекунад.

XS
SM
MD
LG