Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон мехоҳад аз истеҳсоли бензини навъи АИ-80 даст кашад


Ширкати "Узбекнафтгаз"-и Узбекистон тасмим дорад, ки соли 2022 тадриҷан истеҳсоли бензини навъи "АИ-80"-ро қатъ кунад.

Дар ин бора мудири Департаменти коркарди нафт, нафткимиё, нигаҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ дар Узбекистон Хушнудҷон Маҳмудҷонов 16-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд хабар дод.

Ба гуфтаи вай, "Узбекнафтгаз" дар мавриди истеҳсоли бензини АИ-80 стратегияи худро дорад. "Мо қатъи тадриҷии истеҳсоли бензини АИ-80-ро аз соли 2022 баррасӣ дорем", - изҳор дошт Маҳмудҷонов.

Бензин АИ-80 дар миёни ронандагони Узбекистон ҳамчун дастрастарин сӯзишворӣ маъруф аст. Ба иттилои расмӣ, ин навъи бензин ҳоло дар он кишвар ҳудуди 63 сент фурӯхта мешавад.

XS
SM
MD
LG