Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як муҳоҷири дигари тоҷик бо талаби Қирғизистон боздошт шуд


Комилҷон Юлдошев, сокини шаҳри Исфара, ки дар Русия боздошт шуд.

Комилҷон Юлдошев, як сокини шаҳри Исфара бо дархости Қирғизистон дар шаҳри Маскав боздошт шудааст.

Дар ин бора пайвандонаш ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Осимҷон Юлдошев, яке аз хешовандони Комилҷон гуфт, ин сокини 29-солаи шаҳри Исфара рӯзи 16-уми ноябр ба шаҳри Маскав парвоз кард, вале дар фурудгоҳи Домодедово ӯро дастгир карданд. “Ба Комилҷон гуфтаанд, ки бо дархости ҷумҳурии Қирғизистон дар кофтукоб аст ва бояд дастгир шавад. Ҳоло Комилҷонро дар фурудгоҳи Домодедово нигоҳ медоранд. Бояд имрӯз додситон биояд ва масъалаи чораи пешгирӣ нисбати ӯ муайян шавад,”--афзуд Осимҷон Юлдошев.

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қазияро пайгирӣ доранд. Ба гуфтаи масъулини Сафорат, бегоҳи 16-уми ноябр баъди муроҷиати наздикони Комилҷон Юлдошев "фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Фурудгоҳи Домодедово ҷиҳати мушаххас кардани масъала дархост фиристоданд.”

Манбаъ афзуд, барои озод кардани Юлдошев бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти Русия ҳамкорӣ доранд ва то ҳалли мусбати он талош хоҳанд кард.

Комилҷон Юлдошев, сокини деҳаи Сурх мебошад, ки ҳаммарз бо Қирғизистон аст. Ба гуфтаи наздиконаш, гӯё мақомоти Қирғизистон Юлдошевро ба ширкат дар муноқишаҳои марзӣ айбдор мекунад. Ҳарчанд онҳо мегӯянд, Комилҷон дар ягон муноқишаи марзӣ ширкат надошт. Шарҳи мақомоти қирғиз дар ин робита ҳанӯз маълум нест.

Комилҷон Юлдошев ягона шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки бо дархости Қирғизистон дар Русия дастгир шудааст. Диловар Ҷӯраев, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия дастгир шуда буд, рӯзи 16-уми ноябр аз боздошт раҳо шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Ҷӯраевро баъди муроҷиати онҳо раҳо карданд. Ҷӯраев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки додситонии Русия ӯро "бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист" озод намудааст.

Аз ин пеш, Русия бо талаби Қирғизистон Фурқат Абдуфаттоев, як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дастгир карда, чанд моҳ дар боздоштгоҳ нигоҳ дошт. Ӯро моҳи июни имсол озод карданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13-уми ноябр бо ирсоли номае аз Додситонии кулли Қирғизистон хостааст, "ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад."

Бисёре аз коршиносон ин боздоштҳоро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд. Тоҷикистон низ боздошти чанд шаҳрванди Қирғизистонро аз Русия дархост кардааст.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG