Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Тоҷикистон аз Қирғизистон хостааст, "парвандаҳои беасос" насозад. ВИДЕО


Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки парвандаи Диловар Ҷӯраев таҳти назорати Юсуф Раҳмон, додситони кулл қарор дорад.

Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти Русия хостааст, Диловар Ҷӯраев, як шаҳрванди кишварро, ки бо дархости Қирғизистон дастгир шуд, аз боздошт озод кунад, зеро ӯ бегуноҳ аст.

Додситонӣ рӯзи 13-уми ноябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, иддаои мақомоти Қирғизистон, ки Диловар Ҷӯраеви 52-сола дар ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ ва таъйину аломатгузориношудаи байни ноҳияи Исфара ва ноҳияи Ботканди Қирғизистон даст дорад беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

Додситон хост, Русия Диловарро ба Қирғизистон насупорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Дар баёния омадааст: “Бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия мактуб омода намуда, хоҳиш кардааст, ки дархости ҷониби Қирғизистон бе баррасӣ монда шавад, шаҳрванд Ҷураев Д.Б. аз ҳабс озод карда шавад.”

Диловар Ҷӯраев мегӯяд, ӯро бо дархости Қирғизистон дастгир кардаанд.
Диловар Ҷӯраев мегӯяд, ӯро бо дархости Қирғизистон дастгир кардаанд.

Диловар Ҷӯраевро мақомоти интизомии Русия рӯзи 8-уми ноябр дар шаҳри Новосибирск дастгир карданд. Диловар Ҷӯраев шаш моҳ боз мавриди пайгарди Қирғизистон буд ва мақомоти ин кишвар мехоҳанд, Русия ӯро барои муҳокима ба Қирғизистон супорад. Бо ин дархост, ӯро чанд бор дар Русия барои бозпурсӣ муддати кутоҳе боздошт карданд.

Ифтихор Турганов, ҷияни Диловар Ҷӯраев, рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ӯро пештар мепурсиданд ва ҷавоб медоданд. Ҳоло ба он гунаҳкор мекунанд, ки гуё 13-уми март роҳи қирғизҳоро дар Ворух бастааст. Ин даъво асос надорад, чун мо имкони бастани роҳи онҳоро надорем.

Диловар Ҷӯраев айни замон дар Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и шаҳри Новосибирск нигаҳ дошта мешавад.

Рӯзе пештар аз ин Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон бо муроҷиат ба Умед Бобозода, омбудсмени Тоҷикистон аз ӯ тақозо кардааст, то нагузорад, ки ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшудаи қирғиз дар кишвар поймол шавад.

Дар номаи расмӣ, ки рӯзи 11-уми ноябр аз идораи мазкур ба Тоҷикистон фиристодаанд, сухан дар бораи Саидаҳмад Ортиқов ва Нуъмон Самадов, ду шаҳрванди Қирғизистон меравад, ки моҳи сентябр марзбонони тоҷик дастгир кардаанд.

Дар баёнияи ҷониби Қирғизистон омадааст, “Наргиза Ортиқова, ҳамсари Саидаҳмад Ортиқов, шавҳари ӯ ва домодаш Нуъмон Содиқов то кунун ба хона барнагаштаанд ва дар бораи онҳо ҳеҷ хабаре нест, вале иттилое дар даст ҳаст, ки онҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигаҳ дошта мешаванд ва онҳоро шиканҷа мекунанд. “

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки бо ирсоли номае ба Додситонии кулли Қирғизистон хоҳиш кардааст, «ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад.»

Сарчашмаи ҳамаи ин парвандаву боздоштҳо муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон дар моҳи апрел аст. Дар низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт.

Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба барангехтани ин низоъ муттаҳам карданд, ки сабабаш таъйину аломатгузорӣ нашудани марз ва даъво барои обу замин аст. Ҳарду тараф барои тафтиши низоъ парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, вале то кунун дар бораи ҷараёни тафтиш ҳеч кадоме гузорише надодааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG