Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯчонда нашавад." Талоши зиёиён барои нигаҳдории хона-музейи Айнӣ. ВИДЕО


Нимпайкараи Садриддин Айнӣ дар саҳни хона-музей
Нимпайкараи Садриддин Айнӣ дар саҳни хона-музей

Масъулони чаҳор созмони эҷодӣ, аз ҷумла Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, дар номае аз раиси ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон, хостаанд, ки монеи вайрон кардани хона-музейи Садриддин Айнӣ дар маркази пойтахт бишавад.

Бино ба санадҳое, ки ҳафтаи гузашта дастраси Радиои Озодӣ шуд, муовини шаҳрдори Душанбе ҳанӯз моҳи августи имсол аз президенти Академияи миллии илмҳо хостааст, "ҷиҳати кӯчондан ва ҷойгир кардани осорхона" мусоидат кунад. Ҷонибдорони тасмим мегӯянд, осорхонаи Айниро дар ҷойи нав ва ба таври замонавӣ хоҳанд сохт. Мухолифон пойфишорӣ доранд, ки "қадамҷои Айнӣ" ҳамон тарзе, ки ҳаст, бимонад.

Дар Бухоро оромгоҳи Исмоили Сомонӣ воқеъ аст, ки дар қарни нӯҳ сохта шудааст. Аммо касе бо баҳонаи созгор набуданаш бо намои атроф дар фикри тахриби он нест.
Парвиз Муллоҷонов

Дар нома чӣ гуфтанд?

Равшани Махсумзод, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар нома аз президент хостаанд, "хонаи устод Айнӣ бояд кӯчонда нашавад."

"Ин хона-музей ягона қадамҷои устод Садриддин Айнӣ аст, ки мо дар пойтахти кишварамон дорем. Бовар дорам, хона-музей то имрӯз ҳам хидмат кардааст ва дар оянда ҳам барои насли наврас, умуман мардуми тоҷик, хидмате мекунад," -- шарҳ дод ӯ.

Зиёиёни тоҷик бо ёдоварӣ аз хидматҳои Садриддин Айнӣ дар адабиёту фарҳангу таърих мегӯянд, ҳар тасмими ба гӯшаи дигари пойтахт бурдани манзили Айнӣ нодуруст аст. Баҳром Юсуфов, раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳар ҷойи кишвар метавон музейи Садриддин Айниро сохт, вале на хона-музейи ӯро.

"Агар дар боғи Айнӣ созанд, хона-музей ҳисоб намешавад. Музей ҳисоб мешавад. Музейро метавонанд, дар Хуҷанд ё ҳар ҷои дигар бисозанд. Лекин хона-музейро дар ягон ҷойи дигар сохта намешавад," -- шарҳ дод ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳимоят аз хона-музейи Садриддин Айнӣ дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Шаҳрдорӣ чӣ хост ва чӣ шунид?

Номаи муовини шаҳрдори Душанбе ба раиси Академияи миллии илмҳо
Номаи муовини шаҳрдори Душанбе ба раиси Академияи миллии илмҳо

Пас аз расонаӣ шудани хабари эҳтимоли тахриби хона-музейи Айнӣ дар маркази Душанбе, шаҳрдорӣ вокуниш нишон дод, ки ҳоло масъала ниҳоӣ нашудааст ва дар ҳоли омӯзиш аст. Бисёриҳо ба хабарномаи мақомот бовар надоранд. Дар ҳоле ки муовини аввали шаҳрдор, Амирхон Қурбонзода, моҳи августи имсол аз раиси Академияи миллии илмҳо "ҷиҳати кӯчондан ва ҷойгир кардани осорхона" кумак хостааст.

Дар посух Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, навиштааст: "Академия мувофиқи мақсад медонад, ки аввал Осорхонаи нави Садриддин Айнӣ ба таври замонавӣ сохта шуда, сипас, нигораҳои осорхонаи мавҷуда ба он ҷо кӯчонда шаванд."

Ин аст, ки баҳси тахриб ё ба ҷои дигар кӯчондани хона-музейи Садриддин Айнӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хомӯш намешавад. Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, ҳафтаи гузашта дар Фейсбук навишт, хона-музейи Айнӣ танҳо як бино нест, балки рамз аст.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов
"Дар Самарқанд осорхонаи Айнӣ вуҷуд дорад ва касе дар фикри тахриби он нест. Чунин бармеояд, ки узбекҳо аз тоҷикон дида, бештар дар бораи фарҳанги мо ғамхорӣ мекунанд... Ба ҳамин тартиб, дар Бухоро оромгоҳи Исмоили Сомонӣ воқеъ аст, ки дар қарни нӯҳ сохта шудааст. Аммо касе бо баҳонаи созгор набуданаш бо намои атроф дар фикри тахриби он нест. Осорхонаи Айнӣ дар Душанбе низ рамз аст. Рамзи он аст, ки тоҷикон дар оғози садаи бист ба таври мӯъҷизавӣ истиқлоли ҳазор сол пеш аз даст рафтаро дубора соҳиб шуданд... Метавон гуфт, Айнӣ ба халқи тоҷик зеҳни таърихиву ғурури миллиро баргардонид. Давлат ва миллате, ки рамзҳои худро нобуд месозад, ояндае надорад", -- навишт Муллоҷонов.

Адаш Истад, адиби тоҷик дар Самарқанд, дар муроҷиаташ унвонии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Душанбе ҳифз ва бозсозӣ шуда, дар он ҷо намунаҳои хона-музейҳои Айнӣ дар Бухорову Самарқанд низ ҷой дода шаванд.

Аксар аҳли зиё ва адабиёт мутмаинанд, ки пас аз вокуниши шадиди ҷомеаи кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомот аз тасмими тахриб ва кӯч додани хона-музейи Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва қаҳрамони Тоҷикистон, даст мебардоранд. Иддае дигар бовар надоранд. Мақомот дақиқ нагуфтаанд, ки бо осорхона ва бинои он чӣ кор хоҳанд кард.

Пештар баъзе аз коршиносон, ба мисли таърихнигор Ғафур Шерматов, гуфта буданд, ки мақомот бо баҳонаи "Генплан" таърихи начандон дури тоҷиконро аз байн мебаранд ва бо гузашти муддате ин амал ҷуброннопазир мешавад. Мақомот ҳамеша таҳрифи таърихро рад карда, онро ба сохтмони биноҳои наву тобовар ва мувофиқ ба замон пайванд додаанд.

XS
SM
MD
LG