Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Академик Ҳамид Мансуров: "Аз устод Айнӣ сипосгузорам"


Академик Ҳамид Мансуров
Академик Ҳамид Мансуров

Гуфтугӯ бо Ҳамид Мансуров, раҳбари ифтихории Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Номи академик Мансуров бо Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Тоҷикистон сахт пайваста аст. Замоне, ки ӯ ин пажӯҳишгоҳро бино ниҳод, дар собиқ Шӯравӣ беназир ва ягона буд.

Аммо оё ин ҳама шӯҳрат ва обрӯ барои академик Мансуров ба осонӣ даст додааст ва махсусан ин суол, ки ӯ чӣ тавр тавонист як чунин муассисаро дар Душанбе бунёд кунад, моро ба пойи сӯҳбаташ бурд.

Ҳамид Мансуров: “Бунёди Пажӯҳишгоҳ таъриху саргузашти аҷоиб дорад. Ҳанӯз аз ҳамон солҳое, ки дар Маскав таҳсил мекардам орзуи ташкили як чунин марказ ё табобатгоҳ пайдо шуда буд. Зеро ман
Ҳар чӣ ҳам набошад, ман аз он кас розӣ ҳастам. Зеро он кас ба ман чун падар рафтор мекарданд. Ҳатто як рӯз худашон гуфтанд, ки Абдуҳамид чӣ мешуд, ки агар фамилияи Айниро гирӣ? Ман гуфтам акнун барои ин гапҳо дер шуд...

дидам, ки барои бемориҳои гурда, дил, шуш дар Маскав ва Ленинград беморхонаҳои махсус амал мекунад ва дар ин беморхонаҳо олимҳои бузург фаъолият доранд. Аммо барои табобати амрози дарунӣ -гастроэнтерологӣ, яъне меъда, рӯда ва ҳозима на танҳо дар ин шаҳрҳои бузург, балки дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ марказ ва ё Пажӯҳишгоҳи хосе ташкил шудааст. Дар ҳоле ки дар ҳамон вақт беш аз 50 маҷаллаи соҳавӣ дар дунё дар иртибот ба ин бемориҳо чоп мешуд. Он вақтҳо ман дар докторантура таҳсил мекардам ва бештари фурсати худро дар китобхонаи ба номи Ленини шаҳри Маскав мегузаронидам. Бо олимони барҷастаи Амрико, Бритониё ва Олмон робитаи мустақим барқарор карда будам. Дар сурати зарурат аз онҳо адабиёти лозимиро дастрас мекардам. Дар Маскав як профессор буд, ки Логинов ном дошт. Аз ӯ пурсидам, ки бо ин олимони мӯътабар робита дорӣ ё не? Шояд таҳти таъсири сиёсати рӯз буд, ки гуфт, онҳо аслан барояш муҳим нестанд. Вале ман бо онҳо бо ҷону дил робита мекардам. Онҳо ҳам маро сахт эҳтиром мекарданд. Бо англисӣ ба қадри кофӣ хонда ва фаҳмида метавонистам ва аз ин рӯ бештар бо амрикоиҳо ва
Абдуқаюми Қаюмзод ҳангоми сӯҳбат бо академик Мансуров

англисҳо ҳамкорӣ доштам. Хулоса, ҳамон вақт ба ин натиҷа расидам, ки баробари омадан ба Тоҷикистон бояд як марказ ва ё пажӯҳишгоҳи махсуси тадовии амрози дарунӣ ташкил намоям. Шояд аз баландии толеъ буд, ки бо Турсун Ӯлҷабоев, котиби аввали КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон муносибати хуб доштам ва замоне баргаштам бо он кас сӯҳбат карда, мақсадамро баён намудам. Гуфтам, ҳатто дар Маскаву Ленинград барои амрози гастроэнтерологӣ ягон муассисаи хос мавҷуд нест. Пас, гуфтанд, ки чаро худи Шумо як чунин институт ё бемористонро ташкил намекунед. Гуфтам агар Шумо дастгирӣ кунед, мо ин корро ҳатман анҷом медиҳем. Ҳамин тариқ, нақшаи ташкили институтро бо хоҳиши Ӯлҷабоев рӯи коғаз оварда, фикру мулоҳизаҳоямро низ дар мавриди аҳамият доштани он барои ҷумҳурӣ баён доштам. Ниҳоят он кас тасдиқ карданд. Дар ҷараёни бунёди институт ҳарчи дастгоҳу асбоби заруриро, ки хоҳиш мекардам, зуд пайдо мекарданд. Кӯмаке, ки он кас карда буданд, ҳоло дар хоби шаб ҳам дида намешавад. На танҳо Ӯлҷабоев, ҳамчунин Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки он замон раиси Шӯрои вазирон буданд, дар ин кор маро кӯмак карданд. Ҷаббор Расулов ва Раҳмон Набиев ҳам ҳамеша чизеро, ки барои ободии институт мехостам, муҳайё мекарданд. Гоҳо аз назди дарбон занг мезадам, мегуфтанд, ки дароед. Медаромадам, мушкилро ҳал мекарданд. Ҳозир агар мехоҳед як чизро сардор хубтар фаҳмад, корманди дастгоҳ гӯширо мебардораду мегӯяд, «мерасонем ва баъдан шуморо хабардор мекунем». Бо ҳамин тамом, ҳама ба фаромӯшӣ меравад. Як бор-ду бор чунин муносибат карданд, дигар аз баҳри телефон кардан ҳам баромадам.”

Озодӣ: Шумо ба раиси имрӯза ягон бор муроҷиат кардед?

Ҳамид Мансуров: “Ба раиси имрӯза муроҷиат накардем гӯем ҳам, мешавад. Чунки бо онҳо ҳатто бо телефон сӯҳбат кардан хеле ҳам мушкил аст.”

Озодӣ: Дар роҳи сохтмони ин Институт, ки ба як марказии илмии нерӯманд табдил шуда ва дар саросари Шӯравӣ ва хориҷ аз он машҳур шуд, ҳама кӯмак мекард ва ё мухолифатҳо ҳам буданд?

Ҳамид Мансуров: “Ман аслан мушкилӣ накашидам. Баъди Ӯлҷабоев ҳам дигарҳо дастгирӣ карданд.”

ВАҚТЕ ӮЛҶАБОЕВ ДАСТУР ДОД...

Озодӣ: Бинои Институт аввал дар наздикии чойхонаи “Роҳат” буд. Баъдан ба маҳалли имрӯзааш кӯч дода шуд...

Ҳамид Мансуров: “Дар аввал, ки шароит на он қадар хуб буд, аз роҳбарҳо хоҳиш кардам, ки ҳадди ақал бинои ягон шӯъбаеро аз беморхонаҳо дар ихтиёри мо қарор диҳанд. Гуфтанд, ки беморхонаи ҳукуматӣ ба бинои нав интиқол ёфт ва Шумо метавонед бинои холишудаи онро истифода кунед. Дар ин ҷо барои ман шароит фароҳам шуд, ки асбобу дастгоҳҳои хубро пайдо карда ва мутахассисинро тарбият намоям ва корро оғоз кунам. Дар ҳақиқат институти таъсисдодаи мо дар Иттифоқи Шӯравӣ нахустин ба ҳисоб мерафт. Шӯҳрати институт хеле баланд шуд. Мо ҳар сол конфронсҳои байнулмилалӣ баргузор карда на танҳо аз ҷамоҳири Шӯравӣ ҳамчунин аз Амрико, Олмон, Бритониё, Венгрия, Булғория ва даҳҳо кишвари дигар олимонро даъват ва табодули таҷриба мекардем. Маърӯза ва мақолаҳои ин конфронсҳо бо забонҳои гуногуни олам нашр мешуданд. Дертар аз роҳбарият хоҳиш кардам, ки бояд як институти ҳақиқӣ барои ман ташкил кунанд, чун инҷо танг аст. Сипас Ӯлҷабоев ба Шӯрои вазирон дастур дод, ки барои

бунёди Институт шароит муҳайё созанд. Николай Иванович Новичков муовини раиси Шӯрои вазирон буд ва аз ман пурсид, ки барои ту институт месозанд, ҷояшро ҳам муайян кардаанд? Ман гуфтам бале, дар маҳаллаи “9-ум километр”. Гуфт, барои чӣ ту онҷо меравӣ? Биё, ман аз марказ ҷо диҳам. Ман гуфтам аз куҷо ҷо мегирем? Гуфт аз ҳамон ҳудуде, ки барои Институти тиббӣ ҷудо кардаанд, дар шафати Қарияи Боло,мешавад як қисмашро гирифт. Гуфтам онҳо намедиҳанд, розӣ намешаванд. Гуфт ҳоло ист, мебинӣ. Дар назди ман занг зада ба раҳматии Тоҷиев, ки ректори Донишгоҳи тиббӣ буд, мақсадро арз дошт. Комил Тоҷиевич ман мехоҳам шаш гектар аз замини туро барои Институти гастроэнтерологӣ бигирам. Шояд аз он тараф посух манфӣ буд, ки гуфт: «Камил ты у меня не балуй. Понел, вот и договорилис». Хуб, одамҳои аҷоиб буданд. Ҳамин тавр ба сохтмони бино шурӯъ кардем. Маҳалли имрӯзаи мо ҳудуди Донишгоҳи тиббӣ ба ҳисоб мерафт, вале ба мо доданд, вагарна бояд дар маҳаллаи “9-ум километр” месохтем.”

ДАР БОРАИ МУНОСИБАТИ ШОГИРДОН

Озодӣ: Шумо шогирдони зиёдеро тарбия кардаед. Онҳо бо Шумо дар тамос ҳастанд ва аз аҳволатон бохабар мешаванд, мепурсанд?

Ҳамид Мансуров: “Шогирдон то замоне ки дар шаҳр ҳастанд, хабар мегиранд. Албатта, баъзеашон ба хориҷ аз кишвар рафтанд, дигар пайи кору зиндагии худанд. Аммо ҳастанд онҳое, ки аз хориҷа бошад ҳам, занг мезананд. Масалан, аз Олмон, аз Исроил. Ба ҳар сурат, он тарзи муносибату муомилае, ки дар айёми шогирдӣ ман бо устодон доштам, он хел нест ин муносибатҳо. Ҳоло чи хеле ки муносибатҳо дигар шудааст, ҳама чиз дигар шудааст. Пештар муносибатҳо хеле самимӣ буданд.”

ДАР СӮҲБАТИ ӮЛҶАБОЕВ, РАСУЛОВ ВА НАБИЕВ

Озодӣ: Вобаста бо пешае, ки доред бо бисёре аз роҳбарону шахсиятҳо, аз ҷумла Т.Ӯлҷабоев, Ҷ.Расулов ва Р.Набиев зиёд вохӯрдаед, шояд табобат кардаед. Аз кадоме онҳо хотироти хуштар доред?

Ҳамид Мансуров: “Хотираҳои бисёр хуб дорам. Нафароне, ки зикр кардед, маро бениҳоят сахт эҳтиром мекарданд. Ҳар вақте лозим мешуд, бо онҳо мулоқот мекардам. Ҳатто гоҳо бо як телефон кори маро ҳал мекарданд. Албатта, ман кори шахсиро дар назар надорам. Чун барои кори шахсӣ ҳеҷ гоҳ ба онҳо ва касе дигар муроҷиат накардаам. Онҳо маълумот дар бораи соҳаи тибро аз ман ҳам мегирифтанд. Афсӯс, ки ҳозир ин тавр нест.”

Озодӣ: Яъне, ки ҳоло камтар эҳтиром мекунанд?

Ҳамид Мансуров: “Эҳтиромашон ба ман лозим нест, аммо... Албатта, вохӯрем мисле, ки ҳама чиз дар ҷояш аст, хуб аст, лекин ғамхорӣ ба тандурустӣ ба гастроэнтерология тақрибан, ки нест.”

Озодӣ: Ҳоло бисёре аз олимони маъруфу машҳури Тоҷикистон, ки дар берун аз он ҳам эътироф шудаанд, мисли Саъба Ҳакимова, ки Пажӯҳишгоҳи модару кӯдакро асос гузошт, Собит Неъматуллоев, Мӯсо Диноршоев, Муҳаммадҷон Шакурӣ, бо он ки дар дар арсаи худ камназиранд ва таҷрибаи фаровон доранд, дар ҳошия гузошта шуда камтар ҷалб мешаванд. Чаро?

Ҳамид Мансуров: “Албатта шумо ҳақ ҳастед. Лекин шояд ташвишҳои имрӯзаи ҳаёт барои онҳо бештар шуда бошад, шояд вақташон кам аст, ки чун қабл рафтор надоранд. Ман гуфтанӣ нестам, ки бо онҳо рафтори ношоиста кардаанд, не .Фақат ин ки пештар дастгириву муомила ва ба ҳамдигар кӯмак кардан дигар хел буд. Ҳоло танҳо дар арафаи иду айём аз ҳамдигар воқиф мешавем, дигар чизе нест.”

МУНОСИБАТИ МАҚОМОТ БО ОЛИМОН ЧӢ ГУНА АСТ?

Озодӣ: Манзурам муносибати мақомот бо ин афрод аст, чун инҳо, ки бояд дар саҳна бошанд, дар ҳошия гузошта шудаанд...

Ҳамид Мансуров: “Ҳатто бисёриҳо баромада рафтанд. Инро Шумо, албатта, бояд донед. Барои чӣ? Ин ҷо сабабҳои хеле амиқ дорад. Пештар аз тарафи ҳукумат ҳам дастгирии хуб буд. Имрӯз шароит ва муносибат иваз шудааст.”

Озодӣ: То ҷое огоҳ ҳастем, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ чанд бор хост, манзили зисташро, ки дар фасли сармо нам мекашад, иваз кунанд, аммо эътибор надоданд ва ӯ маҷбур аст, зимистонҳоро дар хонаи бастагонаш сипарӣ кунад...

Ҳамид Мансуров: “Намедонам шояд ҳол олимҳо бисёр шуда бошанд, хуб дигар чӣ сабаб буда метавонад. Ҳамин чизро гуфта метавонам, он чизе, ки он вақтҳо барои мо лозим буд, аз тарафи ҳукумат ва давлат ба зудӣ ҳал мешуд, мушкил надоштем. Барои мисол, вақте мо даст ба ташкили Институти гастроэнтерологӣ задем, хелеҳо буданд, ки мухолифат карданд, халал расониданд. Вазири тандурустии онвақтаи Тоҷикистон ҳам мухолиф буд.Талош кард, ки институтро дар тобеияти вазорат дароварад. Ман намехостам. Мехостам, ки он мустақил бошад. Ин ҷо мехоҳам аз ҳодисае ёдовар шавам. Аз Маскав ба Душанбе парвоз мекардам. Ман хабар надоштам, аммо дар он ҳавопаймо вазири тандурустии Тоҷикистон Иван Андреевич Саженин ҳам ҳузур доштааст. Ӯ маро диду хурсандона як коғазро нишон дод. Дар дасташ фармони вазири тандурусти Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи аз ҳайати Академияи улум ба Вазорати тандурустӣ дода шудани Институти мо буд. Аз ин пеш он қадар талош кардаву он қадар зӯр зада буд, аммо муваффақ намешуд. Вале акнун дар дасти ӯ фармон аз «боло» буд. Аз ҳавопаймо фаромада ба хона нарафтам. Мустақим пеши Абдулаҳад Қаҳҳоров рафтам ва ба наздаш даромадам. Қабул карданд. Гуфтам, вай фармони вазири Иттифоқро овардааст, чӣ кор кунам? Гуфтанд дигар чӣ кор ҳам карда мешавад. Ман гуфтам, ки дар Гурҷистон мебуд мегирифтанд таги мизи корӣ мемонданду мегуфтанд «подумаем». Он кас гуфтанд, ки ман ҳам ҳамин тавр кунам чӣ? Гуфтам, кошкӣ. Бо ҳамин тамом шуд. Фармони вазири Иттифоқ тамом шуд, амал накард. Бубинед, дастгирӣ барои илму олим то чӣ ҳад баланд буд. Баъд, маро як рӯз Саженин, вазири тандурустии Тоҷикистон, дар кӯча диду гуфт «ако, худатон ёрдам диҳед, худатон ёрдам диҳед, ки мо институтро ба вазорат гузаронем.» Ман гуфтам, чӣ тавр мешавад, ки бо фарзанди худам чунин муомиларо равон бинам, институт барои ман мисли фарзанд аст. Гуфтам ҷою мақомаш хуб аст.”

Озодӣ: Роҳбарони имрӯзаи Тоҷикистон ҳам барои мудаввову табобат муроҷиат мекунанд.

Ҳамид Мансуров: “Не гӯем ҳам, мешавад.”

Озодӣ: Ҳамаашон сиҳҳату саломатанд?

Ҳамид Мансуров: “Сиҳҳату саломатанд. Илоҳо саломат бошанд.”

"МАНЗИЛ ДОРАМ, КОР МЕКУНАМ, КОФИСТ"

Озодӣ: Дар замони Шӯравӣ соҳаи тибби Тоҷикистон соҳиби баобрӯ буд. Олимони бузурги ин соҳа дар ҷумҳурӣ кору фаъолият мекарданд. Ҳоло ин обрӯву нуфуз боқӣ мондааст?

Ҳамид Мансуров: “Инро аз вазири тандурустӣ пурсед, ҷавоби пурра хоҳад дод. Лекин агар соҳаи моро дар назар дошта бошед, ҳоло ҳам моро дар нишастҳову конфронсҳо дар хориҷ аз кишвар даъват мекунанд. Мо иртиботамонро бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия ҳифз кардаем. Лекин он конфронсу нишастҳои байнулмилалиеро, ки мо бо ширкати олимони бузурги дунё дар институт доир мекардем, дигар тақрибан баргузор намешавад.”

Озодӣ: Аз роҳбарони имрӯза, ки мақоми хеле баландро ишғол кардааст, дар як чорабинӣ аз як нафар роҳбари пешина пурсидаст, ки ин ҳама солҳо дар мақомҳои баланд кор кардӣ, ҳоло чӣ дорӣ. Агар ин саволро ба Шумо диҳем ба ин маъно, ки соҳиби шӯҳрати баланд будед, унвони академикӣ доред, чӣ посух хоҳед дод?

Ҳамид Мансуров: “Хонае, ки пештар доштам, ҳамон истодааст ва дар он зиндагӣ дорам. Дар институт кор мекунам. Тамом, кофӣ аст.”

"ШИНОСҲОИ ХУБЕ ДОШТАМ..."

Озодӣ: Чанд пул маошу нафақа мегиред?

Мансур Ҳамидов: "Гонорари академикӣ мегирам ҳудуди сад доллар. Як панҷсад сомонӣ аз Институт ва 1 ҳазору 260 сомонӣ нафақаи пиронсолӣ мегирам.”

Озодӣ: Мегӯянд, Ҳамид Мансуров, ки ҳанӯз дар ҷавонӣ машҳур шуда буд, хеле аз духтарҳо ва занҳои зебо ҳаваси бо ӯ шинос шуданро мекардаанд, дар гирдаш парвона мешуданд...

Ҳамид Мансуров: “Аз афташ ҳамин тавр буд. Гапатон дуруст. Аз ин хусус шикоят намекунам. Шиносҳои хуб доштам.”

Озодӣ: Албатта, ин ҳикояти нав нест, вале ба ҳар сурат аз забони худи Шумо бишнавем беҳтар аст. Вақте як нафар мутахассис барои бозкушоии қабри устод Рӯдакӣ даъват шуд. Устод Айнӣ Шумо ва Камол (писараш)-ро нишон дода мепурсанд, ки маълум кунад кадоме аз онҳо фарзанди ӯст...

Садриддин Айнӣ
Ҳамид Мансуров: “Бале, аз Герасимов пурсида буданд. Герасимов омада буд. Ӯ мебоист гӯри амирро кушода ва аз устухонҳои он тасвири чеҳраи ӯро барқарор мекард. Герасимов дар меҳмонии устод Айнӣ қарор дошт. Ман нав аз мактаб баргашта будам ва дар тан либосҳои тоза ва дар гардан галстук доштам. Камол бо либосҳои гардолуд, сару рӯяш ҳам ғубору чанг гирифта ва ба хок жӯлида он ҷо нишаста буд. Аз ӯ пурсиданд, ки кадоме аз мо писари устод Айнӣ аст. Вай ба мо нигоҳ карду шояд ба либосҳо эътибор дод, ки маро нишон дод. Баъд аз рафтани ӯ устод Айнӣ ба занашон (холаи ман) нигоҳ карда гуфтанд, ки бинии ману бинии Камолро бинед, қариб як хел, ҳаминро, ки сарфаҳм рафта натавонист, чӣ тавр аз устухонҳои пӯсидаи амир сурати ӯро барқарор мекардааст?”

"УСТОД АЙНӢ БА МАН КӮМАК КАРДААНД"

Озодӣ: Мегӯянд, ки устод Айнӣ одами як каме сахту хасис будаанд. Оё ин гапҳо воқеият доранд?

Ҳамид Мансуров: “Ҳар чӣ ҳам набошад, ман аз он кас розӣ ҳастам. Зеро он кас ба ман чун падар рафтор мекарданд. Ҳатто як рӯз худашон гуфтанд, ки Абдуҳамид чӣ мешуд, ки агар фамилияи Айниро гирӣ? Ман гуфтам акнун барои ин гапҳо дер шуд. Ман алакай табиби машҳур, одамҳо мешиносанд, биёед монед. Вақте ман институтро хатм кардам, он кас як мактуб ба роҳбарияти кишвар навиштанд. Хоҳиш карданд, ки маро барои идомаи таҳсил ба Маскав фиристанд. Ин як дастгирии хеле муҳим барои ман буд. Ман омадам ба Сталинобод ва рафтам ба Кумитаи Марказӣ ба назди Пӯлодов, ки он вақт котиби дуюми Кумитаи Марказӣ буд. Он кас ба ҷойи номаро хондан ва бевосита дастгирӣ кардан, гуфтанд, истед, ки шумо вазири тандурустӣ шудан мехоҳед? Ман гуфтам не, нав донишгоҳро тамом кардам мехоҳам, таҳсилро идома диҳам. Гуфтанд, ин тавр бошад, хуб, биёед шуморо директори институт таъйин кунем. Ман Донишгоҳи тиббии Самарқандро хатм карда будам. Он вақт, ки давраи ҷанг буд, Академияи тибби ҳарбии Ленинград ва Куйбишевро муттаҳид карда, ба Самарқанд интиқол дода буданд. Он вақт духтарҳоро ҷавоб дода, моро ҳамроҳи курсантҳо таълим медоданд. Ман аз курси чор сар карда, дар он ҷо хондам.”

Озодӣ: Яъне, устод Айнӣ ба Шумо хеле кӯмак карданд?

Ҳамид Мансуров: “Бале, хеле кӯмак карданд. Вақте ман дар докторантура мехондам, ҳар моҳ пул мефиристоданд.”

Озодӣ: Яъне ин ки мегӯянд кам-кам хасис буданд, сиҳат надорад?

Ҳамид Мансуров: “Муболиға кардаанд. Ҳар моҳ ба ман панҷсад сум мефиристоданд. Ба духтарашон Холида, ки дар шаҳри Ленинград таҳсил мекард, ҳар моҳ 1000 сум мефиристоданд. Чун вай духтар буд, мегуфтанд, ки шояд бештар сарф кунад. Дар бораи хасисиашон овозаҳо буд. Албатта, пулро ҳамин хел беҳуда сарф намекарданд. Ин ҷо боз як ҳодиса ба ёдам омад. Як вақт, ки аллакай ҳамчун табиб кор мекардам, наздашон омадам ва гуфтам, ки Шумо барои ман ду ҳазор дода наметавонед, ман бо оилаам мехоҳам Сочӣ рафта истироҳат кунам. Қарз пурсидам. Он кас Лутфия (духтарашон)-ро наздамон хонданду гуфтанд, ки аз ҳисоби ту ба Абдуҳамид ду ҳазор сум қарз додам. Сонӣ он кас даргузаштанд. Чанд вақт ногузашта Лутфия омад, ки қарзро бидиҳам. Ман гуфтам, дар ёдам ҳаст ва зуд бароварда додам.”

ШИКОР ДАР БЕШАИ ПАЛАНГОН

Озодӣ: Шумо аз ҳаёти сипарикардаи худ розӣ ҳастед?

Ҳамид Мансуров: “Бале, ман агар дубора ба зиндагӣ сар мекардам, боз ҳам ҳамин касбро бо ҳамин гуна азобу уқубатҳояҳш интихоб ва ҳамин роҳро такрор мекардам. Медонед, табибшавии ман таърихи ҷолиб дорад. Дар мактаб дарси ботаника мехондем. Он ҷо ба унвони асбоби айёнӣ як скелети (устухонбандӣ) калтакалос гузошта шуда буд. Ман онро хеле зиёд тамошо мекардам. Аз ҳамон солҳои мактабхонӣ дар вуҷуди ман майли табиб шудан пайдо шуда буд. Хоҳарам ҳам ба ман дар бораи анатомияи одам хеле маълумот дода буд. Вақте донишгоҳ рафтам, маро бе имтиҳон қабул карданд. Ягона стипендияи сталиниро, ки дар Институт муқаррар шуда буд, ман мегирифтам. То охир касе гирифта натавонист. Баҳоҳоям низ ҳамааш аъло буд.”

Озодӣ: Ба ҷуз табобату тиб боз ба чӣ корҳо майл доред?

Ҳамид Мансуров: “Ба шикор. Шикорро дӯст медорам ва рондани мошинро. Як олими бузурги рус буд бо номи Парен Василий Василевич. Бисёр олими бузург буд ва бо ман дӯстӣ дошт. Гоҳ-гоҳе ба Душанбе барои шикор меомад. Ман аз Абдулаҳад Қаҳҳоров хоҳиш мекардам, Парен омадаасту иҷозат диҳед, ки дар Бешаи Палангон шикор кунем. Аммо Василий Василевич хуб шикор карда наметавонист. Ҳолатҳое буд, ки то 18 мурғи марҷонро шикор мекардам. Баъд вай бо ин мурғҳо акс мегирифт, мисле ки худаш шикор карда бошад.”

3 МИЛЛИОН ПУЛИ УСТОД АЙНӢ

Озодӣ: Бубинед, мегӯянд, ки аз устод Айнӣ маблағи зиёде ба мерос монда буд, аммо ҳоло хона-музейи устод вазъи хуб надорад...

Ҳамид Мансуров: “Вақте домулло Айнӣ аз ҷаҳон даргузаштанд, Назаршо Додихудоев, раиси Шӯрои вазирон, маро даъват карда гуфтанд, ки «шумо як нафари байни ҳукумат ва оилаи домулло ҳастед. Мо медонем, аз мо пинҳон карда намешавад, ки устод Айнӣ
Камол Айнӣ

дар бонк пули зиёд, се миллион доранд. Ҳукумат пешниҳод мекунад, ки 2 миллиони онро ба ҳукумат диҳанд. Мо як мактаб сохта ба номи устод Айнӣ мегузорем. Бигзор як миллионаш дар ихтиёри фарзандҳояшон бошад. Дар оянда ҳам, ки китобҳояшон нашр шуд, як миқдоре аз маблағи он низ ба хонаводаашон расонида мешавад.” Ман омада таклифи ҳукуматро ба онҳо расонидам. Хонуми домулло Айнӣ, холаи ман, дам назаданд, Холида ҳам даму хомӯш буд, вале Камол не гуфт. Вай гуфт, ҳеҷ мумкин нест, ман ба ин роҳ дода наметавонам. Ман баргашта омадам ва ба Ӯлҷабоев гуфтам, ки дигарҳо розӣ, аммо Камол намехоҳад. Сонӣ Ӯлҷабоев гуфтанд, ки дар оянда ҳатто як фоизи маблағи китобҳои чопшудаи устод Айниӣ ҳам ба Камол дода намешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъд аз даргузашти домулло Айнӣ Камол ба Холида 100 ҳазор, ба модараш 100 ҳазор ва ба Лутфия хоҳари дигараш 100 ҳазор ҷудо кард. Боқии пулро ба худаш нигоҳ дошт ва ҳамин сабаб шуд, ки муносибати хоҳарҳо бо Камол бад ва рафтуомад миёнашон қатъ шавад. Баъдан ин пулҳо ҳам деволватсия шуд. Лекин шояд ин ҷо дар дили Шумо гап ояд, ман ягон чиз нагирифтаам ва чизе ҳам умедвор набудам.”

Озодӣ: Устод кадоме аз фарзандонатон ба Шумо пайравӣ карданд, табиб шуданд?

Ҳамид Мансуров: “Духтарам, ки ҳозир профессор аст. Як писарам ҳамроҳ бо оилааш дар Амрико кору зиндагӣ мекунад. Як писарам бо ман дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунад. Худораҳматии хонумам ҳамон вақт маслиҳат дода буд, ки дар ҳавлӣ як хонаи дигар пӯшида писарамро дар он ҷо нишонам. Ман гапи ӯро ду намекардам. Зуд хона сохтем. Ҳозир дар як ҳавлӣ ду хона дорем, ки дар якеаш вай бо фарзандҳояш зиндагӣ мекунад.”

"МАН АЗ КАСЕ ЧИЗЕ НАМЕГИРАМ"

Озодӣ: Ҳозир бо оилаи дуввум зиндагӣ доред?

Ҳамид Мансуров: “Мекардам, аммо ҳоло не. Вай дар чиҳилсолагиаш аз дунё даргузашт. Ҳозир оила надорам. Нигоҳубини маро дар хона келин (арӯс), хонуми писарам бар ӯҳда дорад. Пухту паз ва тамизу тоза кардани либосҳоямро ҳам ӯ бар ӯҳда дорад. Ин зани писари дигариам аст, ки мо якҷо зиндагӣ мекунем. Меҳрубон аст. Хор шудан намемонад.”

Озодӣ: Аслан рӯзи академик Мансуров чӣ тавр оғоз мешавад?

Ҳамид Мансуров: “Саҳар як каме машқ мекунам. Баъди ношто корхона меоям. Дигар қабули беморҳову ташхису табобат ва маслиҳату машварат додан ба онҳо.”

Озодӣ: Дар як рӯз чанд нафарро муоина мекунед?

Ҳамид Мансуров: “Гоҳо 7, гоҳи дигар то даҳ-сенздаҳ нафарро муоина мекунам.”

Озодӣ: Барои қабул ва муоина маблағ мегиред?

Ҳамид Мансуров: “Ин чи гап аст. Ман аз касе чизе намегирам. Танҳо он маблағеро, ки Институт муқаррар кардааст, ҳамонро беморон месупоранд.”

ЯК БОР НАЗДИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ РАФТАМ...

Озодӣ: Агар ҳоло бо раисиҷумҳур мулоқот кунед, барои фаъолияти боз ҳам беҳтари Пажӯҳишгоҳе, ки таъсис додед, чӣ талаб мекунед?

Ҳамид Мансуров: “Ман чанд мутахассисеро медонам, ки қобилияти баланд доранд. Хоҳиш мекардам, ки онҳоро дар Германия ва ё Англия барои таҳсилу таҷрибаомӯзӣ бифиристанд. Ман як маротиба назди вазири тандурустии имрӯза рафтам барои як нафарро ба хориҷа фиристодан. Он кас гуфт, ки минфин (Вазорати молия) як тин барои чунин корҳо барои вазорат ҷудо намекунад. Бо ҳамин тамом шуд, дигар на рафтам ва касеро ҳам пешниҳод кардам. Ман мехостам, ки ҳамин масъаларо дар миён бигзорам. Кадрҳои босаводу ботаҷриба ва беҳтаринро омода кунам. Як вақтҳо ки С.Умаров президенти Академияи улуми Тоҷикистон буданд, 35 нафар ҷавонро ба хориҷа барои илмомӯзӣ фиристоданд. Ман гуфтам офарин, ин аст сардор, ин аст кор. Лекин афсӯс, ки ин ҳама ҳоло тамом шудааст, касе намефиристад.”

АЗ БУХОРО ТО САМАРҚАНД

Озодӣ: Аз Бухоро ҳам хотираҳо доред?

Ҳамид Мансуров: “Дорам, аммо кам. Ман Донишгоҳро дар Самарқанд тамом кардам. Мактаби миёнаро ҳам дар Самарқанд хатм карда будам. Аҷиб ин ки мо мактабро то синфи чаҳор бо тоҷикӣ хондем, вале домулло Айнӣ дар синфи чаҳор ману Холидаро ба мактаби русӣ доданд, ба мактаби 37, ки номи Пушкинро дошт. Мо мактабро ба забони русӣ хондем. Ҳамин аст, ки русиро беҳтар аз тоҷикӣ медонам. 700 кори илмӣ ва 10-12 китоб навиштаам, ки ҳамааш ба забони русист.”

Озодӣ: Бори охир кай Самарқанд рафта будед?

Ҳамид Мансуров: “Хеле вақт шуд, нарафтам. Чун ҳоло рафтуомад душвор аст, виза бояд гирифту иҷоза гирифту баъд рафт. Гуфтам агар ба шаҳри калоншудаам бо чунин душвориҳо мерафта бошам, нарафтам.”

Озодӣ: Хешу таборҳо ҳастанд?

Ҳамид Мансуров: “Ҳастанд, телефон мекунанд, мепурсанд. Ҳамкорҳо суроғ мекунанд. Баъзеашон меоянд дар тӯю маросимҳо ширкат мекунанд. Писарамро зан додам, омаданд.”

Зиндагиномаи Ҳамид Мансуров

Ҳамид Мансуров, академики Академияи улуми Тоҷикистон, 87 сол син дорад. Мактаби миёна ва Донишгоҳи тиббиро дар шаҳри Самарқанд хатм кардааст. Солҳои 1947 то 1950 аспирант ё унвонҷӯи Академияи улуми тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ будааст.

Пас аз дифои рисолаи номзадӣ фаъолияти кориро дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯали ибни Синои шаҳри Душанбе шурӯъ ва дар соли 1958 рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад. Соли 1961 барандаи ҷоизаи ба номи Ленин мешавад. Соли 1962 Институти гастроэнтеролгияро таъсис ва роҳбарии онро бар дӯш мегирад.
Дар даҳҳо конфронсу нишастҳои байнулмилалӣ дар Амрико, Бритониё, Маҷористон, Булғористон, Лаҳистон, Олмон, Русия ва ғайра ширкат ва суханронӣ кардааст. Соли 1981 барои саҳми бузург дар илми тиб барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Сино мешавад.

Соли 1976 узви вобаста ва соли 1978 академики Аадемияи Улуми Тоҷикистон интихоб мегардад. Осори илмии ӯ дар садҳо забони дунё мунташир шудааст. Ҳоло раиси ифтихории Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии АУ Тоҷикистон аст. Соҳиби чаҳор писар ва як духтар аст.
XS
SM
MD
LG