Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгори як мактаби Самарқандро барои латтукӯби мактабхон аз кор ронданд


Латукӯби як хонанда дар яке аз мактабҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Латукӯби як хонанда дар яке аз мактабҳои Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Омӯзгори фанни риёзӣ дар яке аз мактабҳои ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанди Узбекистон барои латтукӯби хонандаи синфи 8 аз кор ронда шудааст.

Ин ҳодиса баъди баргашти хонанда аз ҳоҷатхона ба синф рух додааст. Омӯзгор хонандаро барои таъхир кардан латтукӯб кардааст.

Гуруҳи кории Идораи маорифи Самарқанд баъди шикояти модари хонанда дар мактаби №75-и Пайариқ санҷиш гузарондааст.

Дар натиҷа барои омӯзгор Ш.Н. ҷазои интизомӣ таъйин ва аз кор ронда шудааст.

XS
SM
MD
LG