Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ду бемори нави COVID-19 сабт шудааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон баъди қариб як моҳ аз ошкор шудани ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод. Бори ахир мақомот рӯзи 15-уми октябр дар бораи сабт шудани сироят ба коронавирус гузориш дода буданд. Вале шубҳаву гумонҳо ба оморҳои расмӣ дар бораи коронавирус дар Тоҷикистон ҳамчунон зиёд аст.

Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ шоми 9-уми ноябр дар хабарномае гуфт, ду ҳолати нави сироят ба коронавирусро сабт карда, ду нафари дигар аз ин беморӣ сиҳат шудаанд. Вале вазорат шарҳ надодааст, ки ду бемори нав дар кадом шаҳр сабт шудаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, аз оғози пандемия дар кишвар 17 ҳазору 88 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 124 нафари онҳо фавтидаанд.

Рақамҳои эълонкардаи Вазорати тандурустӣ ҳамеша шубҳаву гумонҳоеро ба миён овардааст ва бархе мутахассисон теъдоди воқеии гирифторшудагон ва фавтидагон аз COVID-19-ро бештар аз омори расмӣ медонанд.

Бахусус дар соли гузашта, ки Тоҷикистон миқдори рекордии маргу мирро сабт кард. Як таҳқиқоти журналистӣ муайян кардааст, ки теъдоди фавтидагон дар 9 моҳи соли 2020 назар ба се соли қабл, беш аз 4 ҳазор нафар зиёд шудааст. Мутахассисон афзоиши чашмгири маргу мир дар соли гузаштаро ба COVID-19 рабт медоданд, вале Вазорати тандурустӣ инро рад мекард.

Мақомот дар ҳоле аз ошкор шудани ду ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар медиҳанд, ки дар бархе аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон сироят ба ин беморӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар Узбекистон, ки рӯзона беш аз 200 ҳолати нави сироят ба коронавирус сабт мешавад.

Инчунин дар Русия ҳам вазъияти пандемия дар як моҳи ахир вазнин шудааст ва мақомот дар оғози моҳ як ҳафтаро ғайрикорӣ эълон карданд. Тоҷикистон рӯзона бо Русия қариб 10 парвози ҳавопаймо дорад ва ва баъди бад шудани вазъияти пандемия ҳам дар парвозҳо ҳеч маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG